Тоҷикистон хоҳони рушди равобит бо Афғонистон мебошад

№77 (3871) 23.06.2018

42933805071_c09d7c2921_o20 июни соли 2018 Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ташриф овард.

21 июн дар бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид, ки зимни он масоили дӯстию ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид доштанд, ки «Тоҷикис­тон хоҳони рушду густариши равобити ҳасана бо Афғонистон аст ва дар ин ҷода ҳамеша кӯшишу талоши созанда ба харҷ медиҳад».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати фаъоли Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳайати кишвари ҳамсояро дар конференсияи сатҳи баланд нишони пуштибонии ҳамаҷонибаи давлати дӯсти Афғонистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об маънидод карданд.

Ҷонибҳо, инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, вазъияти имрӯзаи Афғонистон, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, илму маориф ва амният аз самтҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба беҳбудӣ ёфтани сатҳи нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоӣ манфиатдор ва омода аст барои Афғонистон мутахассисони зиёди соҳаҳои барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.

ҷонибҳо, ҳамчунин муборизаи беамон бо терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро омили таъмини сулҳ, амният ва ҳамкории судманд дар минтақа арзёбӣ карданд.

www.president.tj