Ҳунарпеша арбоби ҳунар шуд

№52 (3689) 13.05.2017

34575145705_f4d51f3dde_o10 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» Ҳошим Гадоев унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистонро тақдим намуданд.

Ҳошим Гадоев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумӯи санъати тоҷик ҳиссагузорӣ менамояд ва бо офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театру кино ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидааст.

www.president.tj