КАРИМОВ БУРҲОНИДДИН

(Бурҳониддин Каримзода)

каримов31 марти соли 1959 дар деҳаи Тезгари Поёни ноҳияи Ленин ( ҳозираРудакӣ) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии деҳа соли 1975 ба факултаи китобшиносӣ ва библиографияи Донишкадаи давлатии  санъати Тоҷикистон ба номи  М.Турсунзода дохил шуда, онро соли 1979 хатм мекунад.

Солҳои 1979 – 1981   хизмати ҳарбиро дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи  СССР,  дар шаҳри Москва ба ҷо меорад. Аз моҳи майи ҳамон сол ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон омада, корро аз муҳарририи хурди Сарредаксияи «Ахбор»-и радио огоз менамояд. Баъдан то соли 1993 дар вазифаҳои  муҳаррир, муҳаррири калон,  муҳаррири масъул ва ҷонишини Сармуҳаррири Сарредаксияи «Ахбор»-и  Радиои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Вай яке аз таъсисдиҳандагони барномаи нави иттилоотї-фарҳангии «Паёми рӯз» (ҳоло «Паёми субҳ) мебошад.

Бурҳониддин Каримзода соли 1993 ба ҳайси   мудири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотї ба Китобхонаи Милли ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ ба кор гузашт ва давоми фаъолияти хеш чандин дастури илмї- методї ва иттилоотї тайёр намуд. Баъдан тайи чор сол ба фаъолияти табъу нашр (дар матбааҳои КХ «Замира» ва  КХ «Хайём») пардохт. Соли 1998 ӯро аз нав ба Китобхонаи миллї даъват карда, ба вазифаи котиби илмии ин махзани асосии китобии кишвар таъйин мекунанд. Дар баробари иҷрои ин вазифа вай нашрияеро таъсис медиҳад ба унвони «Китоб». Зери роҳбарии Б.Каримзода ин нашрия моҳе як маротиба чоп мешуд. Дар ин давра вай ҳамзамон ба ҳайси котиби матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Соли 2003 Б. Каримзодаро ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкили маҷаллаи соҳавї даъват мекунанд ва дар як муддати кӯтоҳ бо кӯшиши  вай ва сардори Маркази матбуоти вазорат Муҳаммадюсуф Шодиев бо номи «Нақлиёт» маҷаллаи илмї-оммавие  таъсис меёбад. Дар ин маҷалла ӯ вазифаи муҳаррири масъулро бар ӯҳда дошт.

Соли 2003 нахустин Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон таъсис ёфт ва соли 2004 Б. Каримзодаро барои идомаи фаъолият ба ин таълимгоҳ даъват менамоянд ва ӯ то охири соли 2008 дар ин ҷо дар вазифаҳои мутахассиси шӯъбаи табъу нашр, мудири ҳамин шӯъба, мудири шӯъбаи кадрҳо ва коргузорї фаъолият мебарад. Дар ин миён барои донишҷӯёну устодони донишкада нашрияеро бо номи «Раҳнавард» таъсис дода, моҳе як маротиба ба нашр мерасонад. Соли 2008 Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимї ҳамроҳ карда мешавад. Б. Каримзода бо даъвати директори АМИТ «Ховар» Зафар Саидов ба сифати тарҷумон-муҳаррири масъули ин маркази иттилоотї ба кор меояд. Баъди қариб як соли фаъолият дар ин ҷо ӯро барои кор ба нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» даъват мекунанд. Аввал ба сифати хабарнигор, мудири шӯъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонї ва робита бо ҷомеа, мудири шӯъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзнома, ҳоло мудири шӯъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонї ва робита бо ҷомеа  фаъолият дорад.

Муаллифи китобҳои «Ҷаҳони одамият»(2004), «Қадри инсон ва меҳнати ҳалол» ва «Зиндагї дарёст» (2006- бо ҳаммуаллифии М.Шодиев), «Парвози шоҳини Зингї» (2009), «Асрори пурасрор» (2009) ва тарҷумони китоби Кале Кёнккёля ва Хейни Сарасте «Тамоми олам хонаи ман шуд» (2006),) мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон

Аълочии матбуоти  Тоҷикистон

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Дорандаи медали «100 солагии матбуот»

Муҳаррири беҳтарини сол (1985)