КАРИМЗОДА БАХТОВАР АБДУЛҲАКИМ

(Каримов Бахтовар Абдулҳакимович)

4x6 Сармухаррир копия — копия (2)20.01.1988 ба дунё омадааст. Соли 2011 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисосаш рӯзноманигор.

Дар Радиои “Тоҷикистон” муҳаррири хурд, муҳаррир ва муовини сармуҳаррири идораҳои барномаҳои иттилоотиву таҳлилӣ (2011 — 2014) ва сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе” (2014 — 2015) буд.

Солҳои 2015 – 2018 ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ифои вазифа намуд.

Аз моҳи апрели соли 2018 то 20.08.2020 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба сифати мутахассис ва мутахассиси пешбар фаъолият кардааст.

Аз 20.08.2020 то 30.03.2021 сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарии  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз 31.03.2021 то 12.12.2023 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

12.12.2023 сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” таъйин гардид.

Аз соли 2014 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ (дар бахши рӯзноманигорӣ, 2016), нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2016), Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон (2017), медали 100-солагии матбуоти тоҷик (2018), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2019), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2022), ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст.