Дилшод, дилат шод, ки кардӣ ҳамаро шод

№110 (3590) 23.08.2016

Гурзандози маъруф Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия нахустин медали тиллои олимпиро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба даст овард ва бори дигар собит сохт, ки тоҷикон ворисони ҳақиқии Рустаму Сўҳроби гурзафкананд.

Ин пирўзиро хурду калон, пиру ҷавон, марду зан, аз шаҳрванди одӣ то воломақомони кишвар бесаброна, бо ҳисси баланди ватандорӣ, бо лаҳзае фаромўшӣ аз дигар мушкилоти рўзгору ҷомеа интизор буданду истиқбол гирифтанд. Онҳоро дар он лаҳзаҳо нангу номуси ватандорӣ боз ҳам муттаҳидтар кард. Ҳама дар ташвишу изтироб, ки чӣ мешуда бошад? Наход аз варзишгарони тоҷик нафаре ғалаба ба даст наорад? Табиист, ки ҳама Худо гуфтаю дасти дуо мебардоштанд, ки бачаҳои моро ноумед насозад.

Барои медалҳо 12 гурзандози зўртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рўи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ маълум шуданд, мубориза бурданд: Иван Тихон (Беларус), Диего дел Реал (Мексика), Кристиан Парс (Венгрия). Марсел Ломински (Словакия), Давид Содерберг (Финляндия), Вагнер Домингос (Бразилия), Сергей Маргиев (Молдова), Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар), Сергей Коломоетс (Беларус), Войтсех Новитски (Полша), Евгений Виноградов (Украина) ва Дилшод Назаров (Тоҷикис­тон).

Дилшод Назарови 34-сола дар навбати охир таҳти рақами 2967 ҳунарнамоӣ кард.

Натиҷаи ниҳоии сабқат чунин аст:

Дилшод Назаров (Тоҷикистон) – 78.68 метр

Иван Тихон (Беларус) – 77.79 метр

Войтсех Новитски (Полша) – 77.73 метр

Диего дел Реал (Мексика) – 76.05 метр

Марсел Ломински (Словакия) – 75.97 метр

Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар) – 75.46 метр

Кристиан Парс (Венгрия) – 75.28 метр

Давид Содерберг (Финляндия) – 74.61 метр.

Бояд тазаккур дод, ки аз рўи ин намуд рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрий Седих (Иттиҳоди Шўравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон ба даст овардааст. Рекорди олимпӣ 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шўравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст.

Медали Дилшод Назаров медали чоруми варзишгарони Тоҷикистон зимни Бозиҳои олимпӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад.

Дилшод Назаров баъди анҷоми саб­қат дар Олимпиада ба хабарнигорон гуфтааст: «Ба даст овардани медали тиллои олимпӣ орзуи деринаи ман буд. Ман барои ин бисёр кўшидам, заҳмати зиёд кашидам ва шодам, ки ин орзуи бачагиам ҷомаи амал пўшид». Ҳамчунин, боифтихор зикр намуд, ки субҳи 20 август, тавассути телефон Президенти Тоҷикис­тон ­Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода табрику таҳнияташ гуфтаанд. Дарвоқеъ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ба даст овардани ин пирўзиро аз тарафи Дилшод Назаров ҳифзи шаъну шарафи Тоҷикистон ва ифтихори мардуми шарафманди тоҷик баҳогузорӣ намуд.

Зимнан, Дилшод Назаров барои ба даст овардани медали тиллои олимпӣ бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад.

Модари Дилшод — холаи Зайтуна дар бораи шавҳараш Ҷамолиддин ва муҳаббати беандозаи писараш Дилшод нисбат ба қиблагоҳаш сухан ронда, гуфтааст, ки шавҳараш яке аз 10 тан низомиёни соли 1996 дар ҷанги Тавилдара (Ҳоло Сангвор) ҳалокгардида мебошад.

Ҷамолиддин миёни низомиён бо лақаби «Дима» машҳур буд. Дилшод аз пайи касби падар нарафта, бо кўшишу ғайрате, ки аз падар мерос гирифтааст, ба пеш равон аст. Пироҳани варзишии Дилшод Назаров бо акси падар ва навиштаҷоти «Today throw for you, Dima!» — «Имрўз ман барои ту партоб мекунам, Дима!», ки баъди дар Олимпиада ғолибият ба даст овардан ба тан пўшид, тасдиқи ин гуфтаҳост.

Пирўзии Дилшод пирўзии на танҳо варзишгарони тоҷик, балки пирўзии мардуми Тоҷикистон аст.

Зиҳӣ, Дилшод!

 Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»