ДИЛШОД НАЗАРОВ: «Танҳо аз номи Тоҷикистон баромад мекунам»

№ 03.09.2016

14107649_1644841302496813_8429473238519640841_oва ё парвози таърихии корманди рӯзномаи «Садои мардум» дар хатсайри Москва — Душанбе

Чанде пеш бо мақсади табобати ҳамсарам якҷоя ба шаҳри Москва рафтем. Баъди даҳ рӯз ман бояд ба Душанбе бармегаштам ва ба хатсайри  Москва-Душанбе рӯзи 26 август чипта гирифтам.

Вақте  мо дар курсиҳои худ ҷой гирифтаву омодаи парвоз мешудем ин дам чашмам ба ҷавонмарди қавипайкари шинос афтид, ки вориди ҳавопаймо шуд.

–Ваҳ, охир ин Дилшод Назаров аст-ку! Дилшоди қаҳрамон,- якбора ману бародарам Нодир нидо кардем. Тамоми мусофирони дохили ҳавопаймо қарсакзанон аз ҷойҳои худ хеста, Дилшодро пазироӣ карданд. Ҳаяҷони зиёд моро фаро гирифта буд ва чашм аз Дилшод намекандему  чӣ тавр ба ҳаво боло шудани ҳавопайморо ҳис накардем. Ниҳоят, дар толор садои командири ҳавопаймо  баланд шуд:

- Мусофирони арҷманд, мо дар баландии 10100 метр қарор дорем.  Ҳамроҳи шумо дар ин ҳавопаймо қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров парвоз дорад, шумо метавонед аз вай соядаст гиред.

Нахустин шуда ман ба назди Дилшод рафта, салому алейк кардаму ӯро бо чунин ғалабаи бузург табрик намудам. Дилшод хушҳолона табассум карду медали тиллоро ба дастам дод ва мо якҷоя расм гирифтем, дигарон низ чунин мекарданд. Дар ин лаҳзаҳо як нафар мусофир- бонуи русзабон ба Дилшод муроҷиат карда гуфт, ки чаро шумо аз номи Руссия баромад накардед. Дилшод дар ҷавоб бо ифтихор гуфт:

-Ман тоҷикам ва аз номи Тоҷикистони азизам баромад мекунам!

-Ба ростӣ чӣ тавр гузаштани чор соати парвозро нафаҳмидем. Вақте ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе фуруд омад, манзараи фурӯдгоҳ моро ба ҳайрат овард. Пиру ҷавон дар даст парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷоти гуногун қаҳрамонро истиқбол гирифтанд. Ин лаҳзаҳои таърихӣ, ки бароям хотирмон буд, дар саҳифаи умри ман низ бо хатҳои заррин сабт мешаванд.

 Маҳмадёқуб БОБОЕВ, «Садои мардум»