ДТҶТ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт беҳтарин дониста шуд

№141 (4247) 19.11.2020

19 — 14 ноябри соли равон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба волейбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар он 17 даста ба чор зергурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар яке якдастаӣ ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври ниҳоӣ дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикис­тон ба номи Саидмуъмин Раҳимов (сарвараш Шодӣ Сафаров) тими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ (сарвараш Ҳайдар Одиназода)-ро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб карда, ба гирифтани мақоми аввали ифтихорӣ шарафёб гардид. Мақоми сеюмро Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба даст овард.

Дар охир ғолибону иштирокчиёни фаъол бо медалу ифтихорномаҳои ташаббускори мусобиқа — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар сурат тими ғолиб — дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов.  Дар байн сармураббии он Ҳусейн Давлатов.

«Садои мардум»