Даъвати баҳорӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ - 2017

Гусели аввалин ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ

№37 (3674) 08.04.2017

ГУсел (3)Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 14 марти соли 2017 № 852 даъвати шаҳрвандон барои хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ҳафтаи равон дар саҳни театри нав­бунёди маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа сафарбаркунии ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон, раиси Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сардори Комиссариати ҳарбии вилоят Нуралӣ Фақиров, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фирӯза Абдуллоева ва волидайни даъватшавандаҳо иштирок доштанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, аз ҷумла, қайд намуд, ки таъмини бехатарӣ, амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу субот дар кишвар аз Артиши миллӣ вобаста аст. Артиш ҷойи ҷавонони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва ватанпарвар аст. Ихтиёриёне, ки имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сипас, раиси вилоят ва сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба ихтиёриён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Қобили зикр аст, ки шумораи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ сол то сол афзуда истодааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»                                                                                                                    *********************************************

 барои сайтБарои ба ҷо овардани хизмати Модар — Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор 50 нафар ихтиёрӣ муроҷиат карданд.

Комиссариати ҳарбии шаҳр 3 апрели соли равон онҳоро ботантана ба хизмати Ватан гусел кард. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони даъватшудагон, ки дар маросими гусел иштирок доштанд, рафтори ҷавонмардонаи даъватшавандаҳоро амали нек дониста, ба онҳо дар муҳофизати Ватани азизамон комёбӣ орзу карданд.

Зимнан, ёдовар мешавем, ки ихтиёриён ба қисмҳои ҳарбии интихобнамудаашон фиристода мешаванд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»