Комроншоҳ соҳиби «Grand — Prix Antalya 2018» шуд

№44 (3838) 10.04.2018

КомроншохВарзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран — прии дзюдо («Grand — Prix Antalya 2018»), ки дар шаҳри Анталияи Туркия 6-8 апрел доир гардид, дар вазни 90 кило медали тилло ба даст овард.

 Ӯ, ки дар рӯзи охирини мусобиқа — 8 — уми апрел тибқи ­қур­ъа­кашӣ вориди сабқат шуд, бар Самули Виитанени финляндӣ ва Солтон Броуни америкоӣ дастболо гардида, ба қувваозмоии ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Мамадалӣ Меҳдиевро аз Озарбойҷон мағлуб кард ва ба даври ниҳоӣ расид. Дар рақобати ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон Неманҷа Маҷдов аз Сербистон низ ба зӯри бозуи паҳлавони тоҷик тоб наоварда шикаст хӯрд.

Баъди ғалабаи Комроншоҳ Тоҷикистон дар миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.

Дар ин мусобиқа паҳлавони дигари тоҷик — Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг мақоми ҳафтумро касб кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов,Ҷаҳонгир Маҷидов низ шомил буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо («Grand — Prix Antalya 2017»), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ба даст оварда буд.

С. Ҷамшед,

«Садои мардум»