Медали панҷуми варзишгарони тоҷик дар универсиадаи Қазон

№88 (3073) 17.07.2013

610149832

Понздаҳуми июли соли равон дар Универсиадаи XXVII ҷаҳонии тобистона, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ҷараён дорад, гӯштигири тоҷик Нусратшоҳ Имомов дар намуди варзиши самбо соҳиби медали биринҷӣ гардид. Тавре аз Раёсати тарбияи ҷисмонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, гӯштигири тоҷик Нусратшоҳ Имомов дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Петро Кузмин аз Украина ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон дастболо шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари россиягӣ Уалӣ Куржеев мағлуб шуд. Сипас, паҳлавони тоҷик бо гӯштигир аз кишвари Муғулистон Нарантогтох Тсенд-Аюш  барои ҷойи саввум рақобат намуда, ҳарифашро мағлуб кард ва соҳиби медали биринҷӣ дар вазни то 74 кг гардид. Ҳамин тавр, дар ин мусобиқоти байналмилалӣ Нусратшоҳ Имомови 24-сола медали панҷумро ба ҷумҳуриамон овард.

Медали чорумро аз ин пеш варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар намуди варзиши  самбо соҳиб шуд. Ӯ  дар вазни то 90 кг бар рақибонаш Нико Ҳорват аз Словения ва Валентин Ҷордан аз Фаронса дастболо шуд. Ин паҳлавони тоҷикистонӣ дар даври ниманиҳоӣ гӯштигири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сӯҳроб Остонаевро мағлуб карда, дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Федератсияи Россия Павел Румянсев шикаст хӯрд ва ба мақоми дуюм ва медали нуқра сарфароз гашт.

Инчунин Абдуазим Бойназарови 20-сола дар гӯштии камарбандӣ дар вазни то 68 килограмм бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин намуди варзиш, дар вазни то 62 килограмм байни мардон гӯштигири дигари тоҷик Маҳмад Мирови 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар байни занон Гуландом Қаробоеваи 19 -сола дар мусобиқаи занонаи гӯштигирӣ дар вазни то 76 килограмм, бо услуби озод соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»