Ба пешвози Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

№ 11.04.2017

Ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Бино ба иттилои сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 15 апрели соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт Ниммарафони VIII байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин робита қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Мақсад аз ин ҳамоиши варзишӣ таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта мебошад.

Дар ниммарафони байналмилалӣ варзишгарони тоҷик ва намояндагон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Украина,  Афғонистон, ИМА, Канада, Кения,  Франсия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Эрон иштирок хоҳанд кард. Масофаи дав 21 километру 97 метрро дар бар мегирад. Варзишгарони ғолиб бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз мегарданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»