Тоҷикистон нуҳ медали олимпӣ дорад

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

722956524Пасфардо дар варзишгоҳи «Маракана»-и шаҳри ­Рио-де-Жанейрои Бразилия машъали Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ фурӯзон мегардад. Ин аввалин Олимпиада дар Америкаи Ҷанубӣ, дуюмин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи Мехико — 1968) ва нахустин (баъд аз соли 2000-ум) дар нимкураи ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, қарор аст дар он наздики 11000 варзишгар аз 206 давлат (теъдоди кишварҳои ширкаткунанда рекордист) барои ба даст овардани 302 маҷмӯи медал қувваозмоӣ намоянд.

Кишвари моро дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ, ки дар чор сол як маротиба доир мегардад, ҳафт варзишгар — гурзандоз Дилшод Назаров, дзю-дочиён Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни +100), муштзан Анвар Юнусов (вазни то 60 кило), шиноварон Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина (ҳар ду дар масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва сабукварз Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) муаррифӣ менамоянд. Дилшод Назаров, ки Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба ҳисоб меравад, дар маросими ифтитоҳи бозиҳо парчамбардори Тоҷикистон интихоб шудааст. Вай ин масъулиятро зимни Бозиҳои олимпии Пекин — 2008 низ ба уҳда дошт. Умуман, байрақбардорони дастаи олимпии мамлакат дар бозиҳои қаблии олимпӣ сабукварз Андрей Абдувалиев ва муштзанҳо Хуршед Ҳасанов, Шералӣ Достиев ва Мавзуна Чориева буданд.

Дастпарварони варзиши мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии Атланта (1996) иштирок доштанд. Қабл аз ин, аниқтараш, аз соли 1952, дар ҳайати дастаи олимпии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) баромад мекарданд ва танҳо дар Бозиҳои олимпии Барселона (1992) ба ҳайати Тими муттаҳида (баъзан ИДМ мегӯянд, ки хатост) шомил буданд.

Олимпичии нахустини тоҷик Иброҳим Ҳасанов аст, ки дар се бозии олимпӣ иштирок кардааст. Номбурда соли 1960 дар Бозиҳои олимпии Рим (1960) бо заврақи яккаса (дар масофаи 1000 метр) ба гирифтани ҷои чорум мушарраф гардид. Зимни иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио (1964) дар масофаи 1000 метр мақоми шашумро ишғол кард. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Мехико (1968) ҳамчун узви эҳтиётӣ ҳузур дошт.

Аз миёни варзишгарони мамлакат ба гирифтани медали тилло нахустин шуда, заврақрони номдор Юрий Лобанов мушарраф гардидааст. Ӯ ва заврақрони литвонӣ Владас Чесюнас соли 1972 дар Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпии Мюнхен дар заврақи дукаса масофаи 1000 метр­ро аввалин шуда тай намуданд ва ба гирифтани медалҳои тилло сазовор гардиданд.

Комёбии бузурги варзишие, ки соли 1976 миллати тоҷик ба даст овард, ин бемуҳобо, аввалин маротиба иштирок ва ба гирифтани медали биринҷии Бозиҳои XXI олимпии Монреал ноил гардидани камонвардухтари тоҷик Зебунисо Рустамова ба ҳисоб меравад.

Соли 1980 низ барои олимпичиёни тоҷик соли бобарор омад. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Бозиҳои XXII олимпӣ доир гардид, ки дар он ду нафар намояндаи Тоҷикистон — Анатолий Старостин ва Юрий Лобанов ба комёбӣ ноил гардиданд. Аввалӣ дар намуди панҷҳарбаи муосир ба гирифтани ду медали тилло (дар ҳайати шахсӣ ва даставӣ) ва дуюмӣ дар заврақронӣ бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Баъди дувоздаҳ сол, яъне дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания), олимпичиёни тоҷик дар ҳайати Тими муттаҳида бо натиҷаҳои назаррас мухлисони варзишро шоду мамнун карданд. Дар он бозиҳо Андрей Абдувалиев (гурзпарто) ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ба Андрей Василев (тирпарронӣ) мақоми чорум насиб гардид. Вадим Шикарёв ба гирифтани мақоми панҷум ноил гашта, дар масофаи 90 метр бо 318 хол рекорди олимпӣ нишон дод. Дар ҷаҳиши секарата Василий Соков мақоми нуҳумро ишғол кард.

Дар Бозиҳои олимпии Атланта — 1996 (ИМА) ба ҳайати дастаи олимпии мамлакат 9 варзишгар — Хайрулло Назриев, Сайдаҳтам Раҳимов, Рус­там Боқиев (ҳар се дзю-до), Раул Дгварелӣ (гӯштини юнонӣ-румӣ), Хуршед Ҳасанов (бокс), Андрей Абдувалиев, Гулсара Дадабоева (варзиши сабук), Наталя Шлёмова ва Сергей Орин (ҷаҳидан ба об) шомил буданд.

Зимни Бозиҳои олимпии Сидней-2000 (Австралия) чор тан аз варзишгар (Гулсара Дадабоева, Сергей Забавский (ҳар ду варзиши сабук), Екатерина Измайлова, Фарҳод Орифов (ҳар ду оббозӣ) кишварро намояндагӣ карданд.

Дар Бозиҳои олимпии Афина-2004 (Юнон) давлати моро нуҳ нафар варзишгар — Шамил Алиев,Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Гулсара Дадабоева, Дилшод Назаров (варзиши сабук), Шералӣ Достиев (бокс), Сергей Бабиков, Наргис Набиева (тирпарронӣ), Лидия Карамчакова, Наталя Иванова (гӯштини занона) намояндагӣ карданд.

Дастаи олимпии кишвар дар Олимпиадаи Пекин-2008 дар ҳайати 15 нафар — Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов (ҳар се дзю-до), Дилшод Назаров, Галина Митяева (варзиши сабук), Юсуф Абдусаломов, Виталий Корякин (гӯштини тарзи озод), Шералӣ Достиев, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов (бокс), Катерина Измайлова, Алишер Чингизов (шиноварӣ), Албина Камолиддинова, Сергей Бабиков (камонварӣ) ва Низом Сангов (вазнбардорӣ) иштирок дошт. Дар ин чорабинии варзишӣ аввалин медалҳои олимпӣ ба даст омаданд.

Дар Олимпиадаи Лондон-2012 ба ҳайати дастаи олимпии мамлакат варзишгарони зерин (16 нафар) шомил буданд: Расул Боқиев, Парвиз Собиров (ҳар ду дзю-до), Дилшод Назаров, Владислава Овчаренко (варзиши сабук), Юсуф Абдусаломов, Николай Ноев, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам (гӯштини тарзи озод), Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров (бокс), Екатерина Измайлова (шиноварӣ), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов (таэквондо ВТФ) ва Сергей Бабиков (камонварӣ). Мавриди зикр аст, ки варзишгарони мамлакат бори аввал бо чунин ҳайати бузург дар Бозиҳои олимпӣ баромад карданд.

Ҳамин тариқ, аз соли 1960 то соли 1992 дувоздаҳ варзишгари Тоҷикистон дар шаш бозии олимпӣ иштирок карда, 4 медали тиллою 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ се медали олимпӣ (аз гӯштини тарзи озод, дзю-до ва бокс) ба даст омадааст, ки ба гирифтани онҳо паҳлавонони шинохта Юсуф Абдусаломов (вазни то 84 кило), Расул Боқиев (то 73 кило) зимни иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ва муштзан Мавзуна Чориева (вазни то 60 кило) дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 мушарраф гардидаанд.

 А. САМАРИДДИН, «Садои мардум»