Тоҷикобод. Даври минтақавӣ оғоз шуд

№ 02.08.2016

         28-29 июли соли равон даври аввали бозиҳои минтақавӣ дар байни дастаҳои футболи ноҳияҳои минтақаи Рашт барои соҳиб шудан ба роҳхат  ба  лигаи якуми ҷумҳурӣ оғоз шуд.  Дастаи футболбозони ноҳияи Тоҷикобод дар ин давр дастаи футболбозони ноҳияи Раштро дар майдони варзишии деҳоти «Нӯшор» қабул кард. Ин бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.

         -Дастаи футболбозони ноҳияи мо,- гуфт дар суҳбат мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Ҳилолӣ Фозилов,- омодагии хуб гирифтааст ва умед дорем, ки соли равон ба гирифтани роҳхат ноил мегардад. Варзишгарони ноҳия саъй доранд, ки дар чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, бо дастовардҳои назаррас 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз гиранд.

Диловари МИРЗО, Садои мардум