https://sadoimardum.tj

Суғд мизбони мусобиқаи байналмилалии камонварӣ

10 окт 2025, 15:19
13

Дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ»-и вилояти Суғд сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бо иштироки беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш ва Ироқ доир шуд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар вилояти Суғд имрӯз барои рушди ҳамаҷонибаи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла камонварӣ, шароити муосир ва зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи мусобиқа варзишгарон дар ду намуд - камонварии классикӣ ва камонварии муосир рақобат карданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳо ва сипосномаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: