https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкории парлумонӣ бо Озарбойҷон

№:129 (5025) 03 ноя 2025, 17:14
0

31-уми октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон вакили Маҷлиси намояндагон - роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон Ғайрат Азиззода бо ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон решаҳои амиқ ва таърихӣ дошта, ҳамеша бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории зич ва фаҳмиши мутақобила ташаккул ёфта, дар даврони босаодати мо аҳамияти хоса пайдо карданд.

 Зикр гардид, ки таърихи муосири муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон иқдоми нав барои рушди минбаъдаи робитаҳои мо хоҳад шуд, ки бо руҳияи эътимоди мутақобила, шарикии баробар, эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ ва орзуи рушди умумӣ тавсиф мешавад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: