Боздиди 41 614 сайёҳ аз Бадахшон
Моҳҳои январ - октябри соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 21 660 сайёҳи дохилӣ ва 19 954 ҷаҳонгарди хориҷӣ ворид шудааст.
Тавре аз бахши итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, дар умум, 41 614 сайёҳ дар нуҳ моҳ ба вилоят ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.
Даромад аз ҳисоби хизматрасонӣ ба сайёҳон бошад, 20,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола воридшавии сайёҳон ба вилоят то охирҳои моҳи ноябр идома ёфта, баъзан то аввали фасли сармо давом мекунад.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,
