Давлатманд Холов ҳунарманде, ки Фалакро ба ҷаҳон бурд
Ба хотири гиромидошти хотираи хунёгари нотакрор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, фалаксарои зиндаёд Давлатманд Холов дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ-адабӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ, ки чанде пеш баргузор гашт, зумрае аз шоирон, оҳангсозон, навозандагону сарояндагони номвари кишвар ва пажӯҳандагони мусиқӣ саҳми Давлатманд Холовро дар рушди санъати мусиқии тоҷик, махсусияти хоси эҷодӣ, зина ба зина инкишоф ёфтан ва ба дараҷаи олии ҳунар расидани ӯро тавсиф карданд.
Зикр шуд, ки Давлатманд Холов аз овони наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шуҳрат пайдо намуда буд. Нахустин оҳанги худро соли 1968 дар 13-солагӣ дар сӯгвории падараш сурудааст. Маҳз, ҳамин лаҳзаҳо он дарду ғами кӯдакона ба санъати фалак табдил ёфт ва роҳи зиндагии ӯро барои ҳамеша муайян кард. Баъдтар фалакро ба мусиқии ирфонию тасаввуфӣ табдил дод.
Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар аз саҳми ҳунарманд дар ҷаҳонӣ намудани фалак ёдовар шуд. Гуфт, ки ӯ бо забардастӣ, истеъдоди фитрӣ, дониши баланди касбӣ ва заҳмату талошҳои сангин дар рушди санъати мусиқии тоҷик саҳми мондагор гузоштааст.
Ба таъкиди мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Аслиддин Низомӣ, Давлатманд Холов асолати мусиқии тоҷикиро на танҳо зинда нигоҳ дошту барои дӯстдорони ҳунар дар дунё тарғибу ташвиқ намуд, балки онро бо навгониҳо ривоҷ доду ҳусну таровати дигар бахшид. «Ашъори Мавлоно, Бедил, Ҳофиз ва шоирони муосирро ба дунёи оҳангҳояш ворид намуд. Олами Мавлоноро бо навоҳои тоза ифшо кард, ки ин таҳаввулоти тозаи таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Зеро то ин лаҳза ҳеҷ ҳунарманди дигаре ин андоза силсилаҳоро аз осори Мавлоно ба оҳанг надароварда ва ҳеҷ сароянда бо чунин овозу бо чунин услуб асрори ақидаҳои Мавлоноро ба самъи мардум нарасонида буд», - афзуд ӯ.
Доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҳунарманд, ҳамчунин, роҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбоналиев, мушовири адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзали Ҳасан ва дигарон андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Иброз гардид, ки Давлатманд Холов тамоми созҳои мусиқии миллиро дар ҳамнавозии оҳангҳояш сарҷамъ кард. Бо иловаи созҳои дигар, ба мисли аккордеон, скрипка ва ғайра, як навъ оркестри миллӣ сохт, ки дар натиҷа, бо ин ҳамсадоӣ дар иҷрои оҳангҳои ӯ симою навои комилан тоза пайдо шуд.
Давлатманд Холов дар замони фаъолият роҳбари ансамбли «Фалак»-и Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб (соли 1989) буд. Аз соли 2004 то соли 2020 ба ҳайси роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Маҳз, дар ҳамин давра фалак аз сатҳи миллӣ ба сатҳи байналмилалӣ расид.
То охири умр омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов буд ва дар ин даргоҳ беш аз 50 сол ба шогирдон фалакро омӯхт.
Беш аз 100 суруд ва оҳанги асилу нотакрор офаридааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари форсизабон шунавандаҳои зиёд дорад.
Хидматҳояш дар соҳа, инчунин, бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва ордени «Дӯстӣ» қадр шудааст. Дорандаи Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса мебошад.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, аз ҷониби пайравони мактаби адабию фарҳангии Давлатманд Холов суруду оҳангҳо иҷро шуданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
