Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Леонид Калашников
14-уми ноябри соли 2025 дар ҳошияи ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников баргузор гардид.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои ҳамзистӣ, таърихи муштараки халқҳоямон ва муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сарчашма мегиранд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон рӯз то рӯз густариш ёфта, ба рушду таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ, варзиш ва ғайра, такони тоза мебахшад.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
