https://sadoimardum.tj

Дар мавзуи рӯз

Чаро бар зидди коррупсия муқовимати якҷоя дошта бошем?

№:138-139 (5034-5035) 24 ноя 2025, 08:48
0

Дар як матлаб хондам: «Арбоби сиёсие давлатро ба киштие шабеҳ додааст, ки ҳамаи мо дар он савор ҳастем. Агар, мабодо, аз ҳар роҳу воситае зарару осебе ба ин киштӣ ворид шавад, хатар ҳамаи моро таҳдид мекунад. Акнун вазифаи ҳар яки мо ҳимоят аз ин киштӣ аст». 

Аз ин ҳикмат чунин бардошт кардан мумкин аст, ки ҳар як фарди ҷомеа, новобаста аз он ки чӣ шуғле дорад, бояд дар рушду инкишоф ва ҳимояти давлати худ собитқадам бошад. Чуноне ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар сатҳи давлатӣ, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва дар гуфтугузори мардуми одӣ нигаронӣ аз ин зуҳуроти номатлуби аз ҳама беш паҳншуда зиёд шудан дорад, ин мушкилоти як кишвари алоҳида набуда, мушкилоти тамоми сайёра мебошад. 

Вақте Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ медиҳад, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон 14177 ҳолати вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ба маблағи 628, 2 миллион сомонӣ муайян гашт, вақте раиси кумитаи идораи замини вилояти Хатлон аз ошкор шудани 2 ҳазору 932 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ вобаста ба замин хабар медиҳад, кас аз ин амалҳои нақзи қонун бевосита ба андеша фурӯ меравад: наход, пеши роҳи ин зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, ки латма ба асосҳои давлатдорӣ мезанад, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад ва кулли мардум ба он нигоҳи бадбинона дорад, гирифта нашавад. 

Агар дар мизони тафаккур баркашем, гуноҳи як фасодкор аз гуноҳи ҳамаи маҳбусони як зиндон вазнинтар аст, чунки агар он яке теша ба решаи қонун зада бошад, ин гурӯҳи манфиатхоҳ теша ба пояи молиёти давлат мезанад. Тасаввур кунед, агар шахс рисолаи номзадиашро бо ришва дифоъ кунад, ӯ чӣ арзише дар назди ҷомеа дорад! Дар таркиби ин мафҳуми дар назар ҳам дурушт – коррупсия як оҳангу тобиши беҳувиятӣ, нафрат ва бенангӣ нуҳуфта аст. 

Муқовимат маънои истодагарӣ карданро дошта бошад ҳам, имрӯз ба як истилоҳи ҳуқуқии пурсадо табдил ёфтааст. Он фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидкунанда дар бар мегирад. Дар меҳвари ин мафҳум шахс истодааст, шахси манфиатҷӯи беҳувият.

Касе ба ин зуҳуроти паҳнгашта муқовимат карда метавонад, ки дар сина дили бузург дорад. Ин амал - ҳамкорию ҳамраъйии ҷомеа ва давлат падидаи имрӯз нест. Он таҷрибаю собиқаи зиндагии тамоми таърихи ниёгони моро ҳамроҳӣ мекард ва давлатдориашонро ба танзим медаровард. Ба таври дигар гӯем, мардум дар заминаи рафторҳои ахлоқии худ дар шаклҳои гуногун ба фасод, пораю тамаъ муқовимат нишон медоданд, онро ошкор менамуданд, таъсир мерасониданд ва ҷилавгирӣ менамуданд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон бояд дар муқобили ришва, фасод, ғорат, баромадан аз ҳадду сарҳади қонун, поймолкунии қонун, сӯиистифода аз мансаб бояд истодагарӣ намоянд ва якҷо бо мақомоти марбута дар авлавияти ин муқовимат қарор гиранд. Барои ин мебояд иқтидори зеҳниро тақвият бахшид, то дар канори кормандони мақомот садди роҳи ниятҳои ғаразноки чунин ашхос гардем. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор менамоянд, «Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоию ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем...».

Ҷиҳати пешгирӣ кардани кирдорҳои ришваситонӣ, порахӯрӣ, сӯиистифода аз мансаб ва баромадан аз ваколатҳо, фароҳам овардани фазои оштинопазир бо кирдорҳои коррупсионӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 -уми январи соли 2021 дар Паёмашон ба мақоми олии қонунбарори кишвар таъкид карданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». 

Мо он гоҳ ба коррупсия муқовимат карда метавонем, ки дар мафкураи мо маърифати зиддикоррупсионӣ ташаккул ёбад, воқеан, ба қадри пойдории амнияти иқтисодии давлат расем, аз ҳама муҳим, сарҷамъона муқовимат кунем. Агар хоҳем, ки дар амнияти иқтисодии кишвар ҳисса гузорем, ­фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатӣ дар амон бошад, бояд маърифати зиддикоррупсиониро боло бардорем, ҳисси бадбиниро ба ин зуҳуроти номатлуб дар ниҳоди мардум бедор кунем. Дар акси ҳол, амали як манфиат­ҷӯ қодир аст, пешрафти иқтисоди миллат­ро зери суол барад. 

Ҳофиз НАЗАРЗОДА, 

нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: