https://sadoimardum.tj

Рафти иҷрои барномаи рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ муҳокима шуд

№:142 (5038) 01 дек 2025, 18:00
0

27-уми ноябри соли 2025 бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ оид ба рафти иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Исфандиёр Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо Илҳом Амонзода, сараудитори Палатаи ҳисоб Шуҳрат Аҳмадзода, намояндаҳо аз Вазорати молия, Академияи илм­ҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва, инчунин, рушди фанҳои дақиқ, фароҳам­оварии шаро­ити зарурӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар таъкид менамоянд, - изҳор дошт М. Муинӣ. 

 Таъкид гардид, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар 26 декабри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд ва ҳамасола бо сарпарастии Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» доир карда мешавад.

 Зикр карда шуд, ки ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 апрели соли 2021, №170 «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» идомаи татбиқи ҳадафҳои Роҳбари давлат ба шумор меравад.

Дар интиҳои муҳокимаи парлумонӣ аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: