Ҳамкориҳои парлумонӣ бо Чин тавсеа меёбанд
28-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи ҷаласаи якуми Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пэн Тсинхуа доир гардид.
Зимни мулоқот вазъи робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкориҳои гуногунсамтаи миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат хоҳад кард.
28-уми ноябр дар шаҳри Пекин ҷаласаи якуми Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, густариши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва пешбурди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар доир шуд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Барои идомаи мулоқотҳои мунтазам, таҳияи барномаҳои муштарак ва тавсеаи заминаҳои нав барои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ гардид.
Зикр шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар руҳияи эътимоди мутақобила, дӯстии анъанавӣ ва манфиатҳои стратегӣ рушд меёбад.
Наврӯз Қурбонзода,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
