https://sadoimardum.tj

Кишти картошка ба 8 ҳазор гектар мерасад

01 дек 2025, 08:00
0

Дар вилояти Хатлон маъракаи кишти картошка оғоз гардида, тибқи нақша, дар мавсими навбатӣ дар майдони 8 ҳазор гектар ин маҳсулоти ниёзи аввал шинонда мешавад. 

Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода, иттилоъ дод, ки аз нақшаи умумӣ, 3950 гектари он кишти барвақтӣ мебошад. 

Ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Дӯстӣ, аллакай, дар майдони 23 гектар кишти картошка зери плёнка ба роҳ монда шудааст, ки ҳосили он то моҳи апрел ҷамъоварӣ мешавад. Хоҷагидорон аз тухмиҳои хушсифати ватании навъҳои «Масчоҳи куҳӣ» ва «Ҷиргатол» истифода мебаранд, ки ба иқлими минтақа мутобиқ буда, ҳосилнокиашон баланд аст.

- Ин таҷриба соли дуюм аст, ки роҳандозӣ гардида, натиҷааш хуб арзёбӣ мегардад. Хоҷагидорон азм доранд кишти зери плёнкаро бештар ба роҳ монанд, - гуфт Б. Ҳасанзода.  

С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: