Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф, муаррифии лоиҳаҳои бунёди 4 иншооти дигари ин соҳа, 1 муассисаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён ва Вахш
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак, 7 муассисаи соҳаи маориф ва роҳҳои мошингард дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён ва Вахшро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф, 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф 6 маркази инкишофи кӯдак барои 390 кас ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 бо 480 ҷойи нишаст дар ноҳияи Кӯшониён ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти зикргардида дар идомаи ташаббусҳои роҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии заминаи таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҳисоби Барномаи инкишофи барвақтии кӯдак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.
Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Зимни ифтитоҳи 27 километр роҳи мошингарди Ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки роҳи мошингарди байни деҳаҳои Ҷамоати шаҳраки Зарнисор дар се қитъа мутобиқ ба меъёрҳои стандартӣ сохта шудааст.
Роҳи бунёдгардида ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба рушди ноҳия саҳми муҳим мегузорад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 200 кӯдак дар маҳаллаи Хоҷишариф, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 300 кӯдак дар маҳаллаи Маданият ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Маданияти шаҳри Бохтар бо 4800 ҷойи нишаст бунёд мегарданд.
Инчунин, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзишӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи маҷмаа бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории муосир ва бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ анҷом дода шавад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
