«Садои мардум» беҳтарин рӯзномаи Тоҷикистон эътироф шуд
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» рӯзномаи «Садои мардум» аз рӯйи номинатсияи «Нашрияи ҷумҳуриявӣ» бо сазовор гардидан ба дипломи дараҷаи 1-ум беҳтарин рӯзномаи соли 2025–и мамлакат эълон шуд.
Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, 29-уми декабри соли 2025 дар маросими эълони ғолибон ва супоридани дипломҳо изҳор дошт, ки озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар - мақоми давлатӣ дар соҳаи матбуот ва табъу нашр, бо мақсади таҳлили вазъи рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва муайян намудани мавқеи онҳо дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар баргузор карда шуд.
Тибқи низомнома, ҳангоми арзёбӣ чун нишондиҳандаҳои асосӣ саҳми рӯзномаву маҷаллаҳо дар тарғибу ташвиқи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ҷалб ва такмили маҳорат, ба камол расонидани мутахассисони варзида дар самти фаъолияти рӯзноманигорӣ, дастрасии хонандагон ба иттилооти муътамад, истифодаи роҳу усулҳои муосири, пешниҳоди матолиб, бедор намудани ҳисси хештаншиносии ҷомеа, истифодаи роҳҳои ҷолибсозии мавод, таъмини шароити мусоиди корӣ, табодули таҷриба ва ҳамкории доимӣ бо рӯзномаҳои маҳаллӣ ба асос гирифта шуданд.
Озмун 1-уми августи соли 2025 эълон шуда, то 10-уми декабр идома ёфт.
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби омӯзгорону мутахассисони варзидаи соҳа интихоб шудаанд, дар номинатсияи мазкур маҷаллаи «Фирӯза» сазовори мақоми дуюм ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми январи соли 2026 рӯзномаи «Садои мардум» 35-сола шуд. Дар арафаи ин ҷашни фархунда ҷойи якумро сазовор шудан ва беҳтарин рӯзномаи соли 2025-и Тоҷикистон эътироф гардидани «Садои мардум» боиси ифтихору сарфарозӣ ва туҳфаи арзанда барои кормандону хонандагони рӯзнома аст.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
