https://sadoimardum.tj

Иҷлосияи чоруми МВХШ Душанбе баргузор шуд

№:2 (5054), 05 янв 2026, 19:27
7

30-юми декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум доир гардид. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи иттилои сарчашма, дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок дош­танд.

Нахуст, оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар 11 моҳи соли 2025 маҷмуи маҳсулоти минтақавии пойтахт ба 23,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,2 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи маҳсулоти пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 20,2 фоизро ташкил дод.

Пас аз анҷоми суханронӣ Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалишаванда чораҳои дахлдор андешанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинон вусъат бахшанд. Ҳамчунин, барои риояи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшии тоҷикона, ки асоси ҳувият ва ҳастии миллат ба ҳисоб меравад, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида шаванд.

Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳр супориш доданд, ки бо мақсади иҷрои пурраву саривақтии нақшаи андозҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз, таъмин намудани қисми даромади буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар соли 2026 мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ноболиғону ҷавонон, ҷалб гардид.

 Сипас, вакилон лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар идомаи иҷлосия ваколати вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии №2 ва №21 пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Бинобар ин, дар ҳавзаҳои интихоботии №2 ва №21-ум 1 марти соли 2026 интихобот муайян гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.

Вакилон дар идома масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев», ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ аз вакилон, кормандони мақомоти маҳал ва кулли сокинони шарафманди пойтахт даъват намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро тақвият бахшанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: