https://sadoimardum.tj

Беҳтарин шаҳру ноҳияҳои Хатлон муайян гардиданд

№:7 (5059), 19 янв 2026, 17:41
0

Барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат дар вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст ва беҳтаринҳо дар соли 2025 муайян гардиданд.

Озмун дар самти ободонӣ ва самаранок истифода намудани замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, ҷалби сармоя, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва татбиқ намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳкими соҳиб­истиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.

Дар он 1660 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 133 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия иштирок намуданд.

Дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, шаҳри Левакант ҷойи дуюм ва шаҳри Бохтар ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Аз рӯи номинаи «Ноҳияи беҳтарин» бошад, ноҳияи Данғара ҷойи якум, ноҳияи Ёвон ҷойи дуюм ва ноҳияи Кӯшониён ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. 

Аз ҷониби кумитаи тадорукот ба ғолибони ҷойи аввал 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм 6000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 3000 сомонӣ тақдим шуд.

Ҳамчунин, ғолибони озмун аз рӯи номинаҳои «Шаҳраки беҳтарин», «Ҷамоати деҳоти беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин» ва «Беҳтарин хонаи истиқоматӣ» муайян гардида, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва раиси ­вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ғолибони озмун тақдим намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: