Аз нишастҳои матбуотӣ
90 дарсади хатмкардагони ДТТ бо ҷойи кор таъмин шудаанд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз рӯи 118 ихтисос дар равияи бакалавр, 56 ихтисос - магистратура, 27 самт дар зинаи докторантураи PhD ва 19 самт докторантураи анъанавӣ фаъолиятро ба роҳ монда, раванди таълим дар 8 факултет ва 47 кафедра бо фарогирии зиёда аз 9500 донишҷӯ, магистр ва докторант ҷараён дорад. Ин нуктаро ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода 26 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Бино ба гуфти ӯ, аз шумораи умумии омӯзгорони донишгоҳ, ки ба 533 нафар мерасад, 37 доктори илм ва 262 нафар номзади илм мебошад.
Қудрат Давлатзода фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025-ро қаноатбахш арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки дар соли сипаришуда 90 дарсади хатмкардагон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
