https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи занон дар хизмати давлатӣ меафзояд

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:17
1

Шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ, ба 4 782 нафар ё 25,4 дарсад расидааст. Аз 6192 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1164 нафар ё худ 18,8 дарсадашон занон мебошанд. Дар ин хусус 26-уми январи соли 2026 дар нишасти матбуотӣ муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Абдуллозода хабар дод.

Зикр шуд, ки шумораи ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 9429 нафар ё 50,1 дарсадро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1 790 нафар ё 50,1 дарсад ҷавонон фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мутаносибан 35 ва 73 нафар зиёд мебошанд. 

Мувофиқи таҳлилҳо, шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2026 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 243 нафарро ташкил дода, 10 нафар хизматчии давлатӣ бо тамдиди муҳлат фаъолият доранд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: