https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

93% хатмкунандагон бо кор таъмин шудаанд

№:13 (5065), 04 фев 2026, 18:14
1

28-уми январи соли равон зимни нишас­ти матбуотӣ Зоир Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон, иттилоъ дод, ки моҳи майи соли 2025 бо ҷалби зиёда аз 40 ширкату корхона намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кор барои хатмкунандагони донишгоҳ  баргузор ва аз 476 хатм­кунандаи шуъбаи рӯзона 443 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. 

Дар идома қайд гардид, ки дар донишгоҳ 7 нафар ятими кулл, 11 маъюби гурӯҳи II ва 83 донишҷӯи нимятим таҳсил мекунанд, ки шароити таълиму тарбия ва масоили иҷтимоии онҳо зери назорати доимӣ қарор дорад. Ин донишҷӯён дар хобгоҳи донишгоҳ ройгон истиқомат мекунанд. Ҳамчунин, донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, аз пардохти ҳаққи шартнома озод ҳастанд.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: