Ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонии СААД
13-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Москва ҷаласаи панҷуми раисони кумитаҳои парлумонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба вазъи низомӣ-сиёсии кишварҳои узви созмон ва афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар доираи созмон барои соли 2026 баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба тақвияти идомаи муколама бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сеюм ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот, ҳамгироии мавқеъҳо оид ба амнияти байналмилалию минтақавӣ ва таъмини ҳифзи равандҳои интихоботӣ аз дахолати беруна равона гардид.
Дар рафти муҳокима аҳамияти истифодаи имкониятҳои дипломатияи парлумонӣ ҳамчун абзори мусоидат ба ҳифзи манфиатҳои муштарак дар арсаи байналмилалӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ба суботи минтақавӣ таъкид карда шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
