Аз нишастҳои матбуотӣ
Дар як сол беш аз 35 000 зан бо кор таъмин шудааст
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030» тасдиқ гардида, дар ин замина, маблағи Гранти президентӣ аз 5 миллион ба 15 миллион сомонӣ ва теъдоди лоиҳаҳо аз 120 ба 200 адад зиёд карда шуд.
Бино ба гуфти ӯ, бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфтааст.
Соли 2025 дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз шумораи умумии 74 ҳазору 276 нафар занони муроҷиатнамуда 35 ҳазору 629 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 16 ҳазору 240 нафар бонувон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
