Беш аз 200 ҳазор сомонӣ барои ғолибони «Шоҳномахонӣ»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва омӯзгорони онҳо аз ҳисоби буҷети вилоят беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Тавре аз шуъбаи иттилоотии вилоят маълум гардид, ин иқдом бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №АП-862 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, маблағи ҷудогардида ба ғолибони даври вилоятии ин озмун тақдим карда мешавад.
Озмуни мазкур дар вилояти Хатлон аз рӯи шаш гурӯҳ дар як номинатсия баргузор гардида, ба ғолибони он барои ҷойҳои якум 6000 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3600 сомонӣ ба ду нафар ва ҷойи сеюм 2400 сомонӣ ба се нафар мукофотпулӣ дода мешавад. Инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки шогирдонашон дар ин озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, бо маблағи 2400 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
