Ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Модар
Шашуми марти соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ зикр намуд, ки Рӯзи Модар миёни дигар идҳои миллию суннатӣ ва байналмилалӣ мақоми хоса ва эҳтироми шоиста дорад. Ин ҷашни дӯстдошта ва писандида ба оғози баҳори нозанин - фасли эҳё, зебоӣ ва шукуфоии табиат, оғози умеду орзуҳои нек рост меояд. Баҳору модар ҳарду ҷонбахшу эҳёгару ҳаётбахшанд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки бо соҳибистиқлол шудан ғамхориҳоро нисбат ба Зан-Модар бештар намуда, онро рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ қабул кард. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд кардаанд: «Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозишҳои ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз, бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем». Мо аз он ифтихор менамоем, ки дар тӯли таърихи миллатамон занону модарони оқилу баору номусу соҳибхиради тоҷик дар паҳлуи мардон баҳри ҳифзи марзу бум, забону фарҳанг, озодию истиқлолу осоиштагии Ватан шуҷоатмандона мубориза бурдаанд,- зикр кард Файзалӣ Идизода.
Таъкид шуд, ки дар ин рӯзгори пурсаодати мо занону модарони тоҷик ҳамқадами замон рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, хоса дар руҳияи баланди меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ бо камоли масъулият адо намуда, сазовори эҳтироми ҷомеа мебошанд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
