https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Комиссияи одоби вакилон баргузор шуд

№:56 -57 (5108-5109), 08 май 2026, 16:55
4

7-уми майи соли 2026 таҳти раёсати раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Парвиз Шодизода маҷлиси комиссия доир шуд, ки дар он масъалаҳо вобаста ба риояи Қоидаҳои одоби вакилон баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, риояи интизоми меҳнат ва пӯшидани либоси расмӣ дар чорабиниҳо муҳокима шуд. Зикр гардид, ки меъёрҳо ва қоидаҳои одоб бояд пурра риоя гарданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа лоиҳаи нави Қоидаҳои одоби вакилон пас аз ворид намудани таклифу пешниҳодҳои аъзои комиссия муҳокима шуд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: