Хиштҳои тиллоии умри пурбаракат
Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор Мухтор Муродов дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб буду дар доираи илмии дохилу хориҷи кишвар ҳамчун вориси арзандаи Сино ва ҳабиби дардмандон эътирофшуда. Ҳарчанд ӯ ҷисман дар байни мо нест, вале кори неку номи некаш мазраи сабзи эъморкардаи ӯро пуртароват нигоҳ медоранд. Ба ибораи дигар, касбияти баланд ва хислатҳои ҳамидааш, моҳиятан, хиштҳои тиллоии умри пурбаракаташ маҳсуб мешаванд.
Дониши фароху касбияти баланд ба ӯ имкон дод, то дар бахши анестезиология ва реаниматология муваффақ гардад. Ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва поквиҷдонӣ роҳу равиши хешро дар зиндагӣ пайдо намуд. Заҳматписандӣ, сабру таҳаммул ва роҳнамоии пайвандони соҳибэҳтиромаш мактаби нахустини ҳаёташ гардид.
Зиндагиаш аз соли 1959, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, бо соҳаи тандурустӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кард. То соли 1967 ҳамчун ассистенти кафедраи ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва мудири шуъбаи беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил фаъолият кардааст.
Соли 1965 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Беҳискунӣ ва таъмини бехатарии ҷарроҳӣ ҳангоми бартараф намудани шакли фарсудаи сили шушҳо» ва соли 1970 рисолаи докториро дар мавзуи «Патогенез, пешгирӣ ва табобати вайроншавии гузариши бронхҳо ва пучшавии шушҳо дар бемороне, ки вобаста аз бемории сили шушҳо ҷарроҳӣ шудаанд» сарбаландона дифоъ кард. Соли 1970 бо ташаббуси ӯ барои такмили ихтисоси табибони анестезиолог ва реаниматолог дар назди ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино курсҳои омӯзишӣ ташкил шуда, соли 1974 кафедраи анестезиология ва реаниматология таъсис ёфт, ки роҳбарии онро то охири умр (26 сол) ба уҳда дошт.
Ҳар ҷое фаъолият кард, аз худ номи нек ва ободии зиёд боқӣ монд. Фаъолияти илмиву амалиаш, воқеан ҳам, қобили ситоиш аст. Нахустин профессори соҳаи анестезиология ва реаниматология дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, табибони зиёдеро дар ин соҳа омода намудааст. Бо роҳбарии ӯ 16 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя шудааст.
Аз ин табиби ҳозиқ 175 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 9 монография, 3 дастури таълимӣ, 6 дастури методӣ ва зиёда аз 30 пешниҳоди ратсионализаторӣ боқӣ мондааст.
Мухтор Муродов на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин, миёни олимону табибони хориҷи кишвар ҳам соҳиби эҳтиром ва мақому манзалати хос буд.
Аввалин маротиба дар ИҶШС усули табобати норасоии нафас ва астмаи бронхиалии баъдиҷарроҳиро бо истифодаи гелий ва оксиген пешниҳод карду ба роҳ монд. Ба шарофати ин иқдом дар мамлакатамон аввалин кабинети амбулатории гелий ва оксиген барои табобати астмаи бронхиалӣ созмон ёфт. Бо роҳбарии ӯ 1-уми феврали соли 1976 аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гемодиализ гузаронида шуд ва, сипас, шуъбаи гурдаи маснуӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд таъсис ёфтанд. Бо иштироки ӯ гемосорбенти нав - «ИХАНТ» ихтироъ шуд ва ин дастовардаш бо ҷоизаи давлатӣ қадрдонӣ гардид.
Хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҷавонмардӣ, поктинатӣ, самимият, ҳақиқатҷӯӣ, росткорию некманишӣ ва дилсӯзӣ хислатҳое ба ҳисоб мерафтанд, ки ӯро дар байни ҷомеа азизу гиромӣ гардониданд. Нафаре буд, ки шеваи зиндагиаш мактаби одамгарӣ буду роҳнамои зиндагии шогирдон.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
