Ҳозиқи дунё
Ба муносибати таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
Бубин, Сино на як тоҷик, ақли аҳли дунё ҳаст,
Ки нақшаш дар тамаддунҳо чу як инсони воло ҳаст.
Абуалӣ Ҳусейн ибни Ҳасан, ҳам Абдуллоҳ исмаш,
Вале шуҳра ба номи Буалии ибни Сино ҳаст.
Тадаббур кард дар бемору ҳам дар дарду дармонаш,
Табиби ҳозиқу андар ҷаҳон рахшанда симо ҳаст.
Нигар бар иқди осораш, нуҷуму фалсафа ҳам тиб,
Чу ҳалли мушкили олам барои кас муаммо ҳаст.
Ба ҳар дарди башар аз роҳи дониш ёфт дармоне
Ва кулли муҳтавои илм дар фазлаш муҷалло ҳаст.
Биҷуст ӯ аз табиат ҳалли мушкилҳои оламро,
Миёни олимони даҳр саҳмаш бешу авло ҳаст.
Ҳаме дарду аҷал, гуфто, зи ҳар заҳри касал ояд,
Агарчанде хурофотӣ ба зиддаш ҷамъу барпо ҳаст.
Ба садҳо ранг нураш медамид аз Шарқ чун Хуршед,
Зи Мағриб аҳли илму фазл бар ин ном шайдо ҳаст.
Зи Сино монда осори гаронарзиш ба халқи даҳр,
Барои насли оянда паёмаш нек эҳдо ҳаст.
Зи асрори ҳаёт огаҳ набошад ҳеҷ кас, аммо
Ҷаҳонҳо дидаю ҳар гуфтаи ӯ пур зи маъно ҳаст.
Заволи умри одамро биёмӯхт ӯ дар ин дунё,
Ҳамеҷуст ӯ давояшро, агарчӣ тухми анқо ҳаст.
Ба авҷи арши таърихи ҷаҳон исторае рахшон,
Давое ҳамчу дармон худ ба аҳли дард пайдо ҳаст.
Қавиҳофиза буду дошт андар фикр истиқлол,
Ба ақлу илму фазлу ҳикмату идрок пӯё ҳаст.
Араб ё форсӣ, бо санъати ҳусни сухан бо ҳам,
Барои баҳсу дарсу илму ақлу фазл барҷо ҳаст.
Зи мантиқҳои синоӣ ба ҳикматҳо асос овард,
Худ Алқонуну Ашшифо фароз аз ин тақозо ҳаст.
Хӯранд аз сидқ бо номаш табибони ҷаҳон савганд,
Чи хуш, содиқ ба Сино пайравонаш пиру барно ҳаст.
Ҳазорон панду ҳикмат мондааст аз ӯ барои мо,
Чу бурҷи қалби мардум баҳри ӯ арзанда маъво ҳаст.
Пизишкони муосир чун падар бишнохтанд ӯро,
Чу илмаш бо амал, бо таҷриба як умр якҷо ҳаст.
Бикарда Пешво бо номи некаш Ҷоиза таъсис,
Зи қаъри қарнҳо, аслан, паёми ӯ ба фардо ҳаст.
Ниҳонӣ, мушкилоти гетӣ ӯ дарёфт бо ҳикмат,
Куҷо асрори пинҳоне, барояш ҷумла ифшо ҳаст.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
