https://sadoimardum.tj

Ояндаро бо сари баланд истиқбол мегирем

№:68 (5120), 08 июн 2026, 18:07
5

Аз суҳбати бобову набера

Пирамарди рӯзгордида ба набераи донишҷӯяш, ки вазифаи хонагӣ иҷро менамуд, андешаманд нигарист. Ӯ, ки тули умри дарози хеш талхию ширинии рӯзгорро зиёд чашидаю шоҳиди рӯйдодҳои муҳим ва ҳаводиси гуногуни ҳаёт гаштааст, дар симои набераи дониҷӯяш ҷавонони даврони соҳибистиқлолро зираку бедор, худҷӯву худшинос мебинад. Бо шарофати соҳиб­истиқлолӣ тамоми имкону шароит барои рушди ҷавонон муҳайё гашта. Хушо, ки бисёр ҷавонони даврон аз ин имкон ба суди хеш истифода мекунанд. Пирамард ғарқи чунин андешаҳо назди наберааш рафт:

- Писарам, вақтат ҳаст, каме суҳбат кунем?

Ҷавон ба бобояш саволомез нигариста:

- Дар кадом мавзуъ, бобоҷон?, - гуфта пурсид.

- Дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса дар бораи пиряхҳо. Аҳамияти ин таклифу ташаббусҳо аз чӣ иборатанд, ҷони бобо? Мехоҳам, фикру мулоҳизаи туро фаҳмам.

- Аз ҳамааш ба хубӣ огоҳам, бобо.

- Офарин! Пас, бигӯ ташаббуси байналмилалӣ чӣ маъно дорад?

- Аввал, бобоҷон, ба Шумо бояд маънои вожаи «ташаббус»-ро шарҳ диҳам. Ташаббус-ибтикор, ба кори неке оғоз кардан, амали хуберо оғоз бахшидан аст. Ташаббуси байналмилалӣ маънои онро дорад, ки манфиати кори оғознамудаи Пешвои миллатамон ба аҳли сайё­ра нигаронида шудааст. Иҷрои дастурҳои Роҳбари давлати мо ва тибқи ҳидоятҳояшон амал кардан ба ҷаҳониён суди фаровон меорад.

- Кадом таклифу ташаббус­ҳоянд онҳо?

- «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об, барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», «Стартегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040», ки ба манфиати башаранд.

- Ба манфиати инсоният будани инҳоро чӣ тавр исбот мекунӣ?

- Табиат, иқлим, пиряху обу ҳаво ба тамоми ҷаҳониён тааллуқ доранд ва сарватҳои умумибашарӣ ба шумор мераванд. Агар ҳаво дар ягон минтақаи рӯйи замин ифлос бошад, таъсири бади он, албатта, ба дигар минтақаҳо мерасад. Ҳифзи табиату обу ҳаво вазифаи заминиён аст. Мо - ҷавонон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллатамон ифтихор мекунем ва бояд дар сафи пеши амаликунандагони ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатамон бошем.

- Акнун, дар бораи пирях чун манбаи об, аз меъёр зиёд обшавии онҳо ва зарари он ба инсоният бигӯ.

- Пиряхҳо тӯдаи яхҳои табиии рӯйи заминанд, ки бойигарии беҳамто ва манбаи оби тозаву ширин мебошанд ва медонед-ку, бе об ҳаёт имконнопазир аст. Албатта, об шудани пиряхҳо як раванди табиӣ мебошад, аммо дар сурати аз меъёр зиёд об шудан хатари сар задани сел ба миён меояд ва ҳам, эҳтимол, оянда инсоният ба мушкили норасоии оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ гардад. Ин раванд ба иқтисоду кишоварзӣ низ хатари зиёд дорад.

Шоири тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ дар достони пурҳикматаш «Хайр ва Шар» қадру қимати обро возеҳ нишон дода аст. Барои чанд қатра оби ҷонбахш Хайр гавҳари бебаҳояш-чашмонашро ба Шар дода, аз дидагонаш маҳрум мегардад.

- Дар ҳудуди Тоҷикистон чӣ қадар пирях мавҷуд аст?

- Қаблан зиёда аз 14000 пирях ба ҳисоб гирифта шуда буд. Ҳоло шумораи онҳо ҳудуди 13 000 аст. Сарчашмаи дарёҳои Тоҷикистон - Сир, Зарафшон, Панҷ, Вахш, Муғсу (Муғоб), Бартанг, Қизилсу (Сурхоб), Ғунд, Мурғоб, Хингов ва ғайраҳо, асосан, пиряхҳо мебошанд. Федченко, Грумм Гржимайло, Бивачний, Гармо, Савуқдараи Калон, Ҷамъияти Географӣ, Гандо, Зарафшон калонтарин пиряхҳои Тоҷикистонанд.

- Номҳои аҷоиб.

- Ман ҳам ҳайрон. Масалан, Савуқдараро метавон Сарддара номид. Мо, тоҷикон, ки ба худшиносии миллӣ оғоз намудем, ҳама чиз бояд бо номи мувофиқи худаш вуҷуд дошта бошаду ба манфиати миллӣ хизмат кунанд. Ҳамин тавр не, бобоҷон!?

- Оре, аммо ин масъала ба мавзуи асосии суҳбати мо чандон рабт надорад. Ҳоло бигӯ, чаро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ҷаҳониёнро ҳушдор доданд?

- Тавре гуфтам, дар Тоҷикис­тон ҳоло 13000 пирях мавҷуд аст, ки зиё­да аз 60 фоизи захираи оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. 40-50 сол пеш шумораи ин сарвати ­табиат беш аз 14000 буд, аммо сол аз сол бар асари гармшавии иқлим онҳо босуръат об ва кам шуда истодаанд. Ташвишовар ин аст, ки ҳоло пиряхҳои тамоми ҷаҳон ба чунин мушкил рӯ ба рӯ мебошанд. Агар пеши роҳи ин раванд гирифта нашавад, ба тамом нест шуданашон аз эҳтимол дур нест. Президентамон, ки дар ғами ояндаи башаранд, ҳамагонро аз «хоб» бедор карданд, то сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд. Агар имрӯз пеши роҳи ин раванд гирифта нашавад, фардо ба сари инсоният фалокати зиёде хоҳад омад. Воқеан, ҳифзи пиряхҳо ва оқилонаю одилона истифода бурдани об яке аз масъалаҳои умумибашарист.

- Пиряхҳо ва обҳои Тоҷикистон ба ҷаҳониён чӣ рабт доранд?

- Пеш аз ҳам, ба Осиёи Марказӣ дахл дорад. Муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баробари пиряху обу иқлими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ манфиати кулли ҷаҳониён­ро ҳам дар назар доранд.

- Офарин! Акнун фаҳмон, ки ҳар як шаҳрванд дар иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо чӣ тавр ҳисса гузошта метавонад? Масалан, худи ту чӣ тавр дастурҳои Пешвои миллатро амалӣ карда метавонӣ?

- Ман аз таҳти дил илм меомӯзам ва ҳамсолонамро ҳам ба иҷрои ин амали бузург даъват мекунам. Илм арзишест, ки қуд­рати бузург дорад ва танҳо он инсониятро аз хатар наҷот дода метавонад. Бинобар ин, Сарвари давлатамон барои илмомӯзии наврасону ҷавонон ҳамаи шароитро муҳайё кардаанд. Ман дар чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ пайваста иштирок мекунам. Мавзуъ интихоб намуда, пажуҳиш бурда истодаам. Кори илмиам «Ташаббусҳои умумибашарии Пешвои тоҷикони ҷаҳон» аст ва дар бораи иқлиму пиряху об баҳс мекунад. Таҳқиқотам, ҳамчунин, масъалаҳои дигари гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминиро дар бар мегирад. Бояд ин неъматҳои гаронбаҳоро оқилона ва одилона истифода бурда, ба қадрашон расем, ҳифз кунем ва ба ояндагон мерос гузорем.

- Дар бобати тағйирёбии ҷаҳонии иқлим чӣ мегӯӣ?

- Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба мо ҳам таъсир мерасонад. Аммо Тоҷикистон ба дигаргуншавии боду ҳаво таъсири манфие надорад. Инро бояд рӯйирост гӯем. Давлатҳои абарқудрат иқлимро бештар вайрон мекунанд, зеро саноату нақлиёти ифлоскунандаи обу ҳаво дар онҳо зиёд аст. Пойтахти Тоҷикистон - Душанбеи азиз ғарқи гулҳост. Ниҳолони зебо онро ба шаҳри сабзу хуррам табдил додаанд. Ҳоло бештари нақлиёт бо неруи барқ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин дастовардҳо аз сиёсати дурусти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ сарчашма мегиранд. Мо бояд бештар дарахт шинонем, муҳитамонро доимо тозаю озода ва сабзу хуррам нигаҳ дорем. Ҳатто дашту кӯҳҳоямонро, ки макони исти барфу пирях ва манбаи оби тозаю ширинанд. Ҳамон арчаҳои барои ҳезум ва болору чӯбу васса бурида ҳам барои нигаҳ доштани барф хизмат мекардаанд.

- Писарам, ту дар ҳамон кори илмиат ба масъалаи тағйирёбии иқлим ҳам таваҷҷуҳ бикун.

- Ман, бобоҷон, ба маънои том илм омӯхта истодаам. Мо, як гурӯҳ ҷавонон, ният дорем, аз офтоби саховатманд, ки нури ҳароратбахшашро дар Тоҷикистон арзонӣ доштааст, истифода бурда, иқтисодамонро тараққӣ диҳем. Ҳатто аз боду барфу борон ба манфиати миллату Ватан фоида ситонем. Барои ин фақат майлу хоҳиш ва кӯшишу ҳаракат лозим. Шароит барои илмомӯзии мо муҳайёст. Танҳо андешаю эҷодкорӣ кардан лозим. Ман хондам, ки олимони Чин аз нури офтоб гази моеъ истеҳсол кардаанд. Мо - тоҷикон ҳам дар ихтирои технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиву корбасти он ба ­даст­о­вардҳо ноил гардида истодаем.

Ин дастовардҳоро барои ҳифзи пиряху обу иқлим ҳам бояд истифода барем ва ояндаи неку дурахшонро бо сарбаландӣ истиқбол гирем. Пешвои миллат аз мо - ҷавонон маҳз ҳаминро мехоҳанд. Агар каме талош кунем, боварӣ дорам, аз уҳдааш бо сарбаландӣ мебароем, бобоҷон!

- Офарин, ҷони бобо! Шумо, ҷавонон, хеле пешрафт карда, андешаю ҷаҳонбинии васеъ доред. Суҳбататро гуш мекунаму лаззат мебарам.

- Ҳам гӯш кунед, ҳам дуо кунед, ки пиряхҳо ва обҳои Тоҷикис­тон ҳаргиз нахушканд. Ҳоло дар ­сайёра ташнагону талабгарони об торафт афзуда истодаанд.

- Дуо мекунам, писарам. Шабу рӯзон дар ҳаққи Пешвои миллат ва ҳамватанон дуои нек мекунам. Худованд баракати оби равон биафзояд. Мегӯянд, ки пиряху об ҳам мисли инсон неку бадро дарк мекардаанд. Ин ҳарду ба некиҳо нек ва ба бадиҳо бо бадӣ посух медодаанд. Ба фикрам, кам шудани об аз кутаҳандешию бепарвоӣ ва қаҳру ғазабаш аз бераҳмию ноадолатии инсонҳост. Бин, дар чанд минтақаи рӯи замин сел шаҳру деҳаҳоро рӯфта бурда, ҳазорон одамон ба ҳалокат расидаанд. Охир, ба қадри об нарасию онро ифлос намоӣ, роҳашро тозаю озод нигаҳ надорӣ, қаҳру ғазаб мекунад.

Фаромӯш нашавад, ҳаво гарм ки шуд, дуямон ба ҷӯйтозакунӣ мебароем. Дирӯз об хушк шуд-ку, лаби ҷӯ рафта қариб буд гиря кунам. Беинсофҳо роҳи табарруки обро ба партовгоҳ табдил додаанд. Аз ифлосии дарё ва ҷуйборон ҷонваракони даруни об, ки Худованд ҳамаи онҳоро бесабаб ва бемақсад наофаридааст, мурда нест шуда истодаанд. Пештар дар дарё ва ҷӯю ҳавзҳо моҳиҳо бемалол шино карда мегаштанд. Онҳоро одамон бо барқ задаю заҳр партофта дош­танд ва ана акнун… Фаҳмидӣ-а? Ҷӯйтозакунӣ аз ёдат набарояд!

- Фаҳмидам, бобоҷон, фаҳмидам!

Субҳон ЁДГОРӢ,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18,

шаҳри Исфара

Ҳамчунин дигар маводҳо: