https://sadoimardum.tj

Эмомалӣ Раҳмон ва табассуми дигарбораи лабҳои парсингбаста

№:81 (5133), 27 июн 2026, 18:07
2


Сарвароне ҳастанд, ки ғамхори мардуманд, шаҳрвандони худро ҳамеша дастгирӣ карда, барои беҳдошти рӯзгори онон, рушди диёр талошу пайкор менамоянд. Агар фоҷеае ба сари миллат ояд, бо ватан ва дар паҳлуи мардум мемонанд, аммо таърих боз сарваронеро низ дар хотир дорад, ки дарди дили мардумро намешуниданд, рӯзи сахтӣ на аз тақдири миллати хеш меандешиданд, на аз ояндаи ватан, фақат дар ғами ҷони хеш буданд. Ба қавли Ҳофиз:

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,

На ҳар кӣ оина созад, сикандарӣ донад.

На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад.

Ба ғами миллату давлат танҳо дили онҳое метапад, ки бедору худшиносанд ва ватанашонро аз дилу ҷон дӯст медоранд. Ба накӯкориву хайру эҳсон оне рӯ меорад, ки Худованди карим ӯро дилу нияти пок, самимияту меҳрубонӣ, қалби васеъ, дасти кушод ато фармудааст. Ҳар каси оқилу боинсоф дуруст андеша кунад, дармеёбад, ки дар замони мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин роҳбар, накутарину боинсофтарин инсони замонанд, ки бо амалу кирдори накуяшон ин ҳамаро собит сохтаанд. Тоҷикистон имрӯз дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абармарде дорад, ки мудом барои рушду пешрафт талош мекунад. Бахти баланди мост, ки Роҳбари давлатамон ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлатӣ ва муаррифгари шоистаи тоҷикону Тоҷикистон дар ҷаҳонанд.

Ҳанӯз аз рӯзи аввали Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидан нияти некашонро чунин баён намуда буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Бо иродаи қавӣ, дили поку бузург ва эътимоди хос гуфтанд, ки «То охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам, осуда нахоҳам буд».

Қавлу амалашон як аст. Ҳамин аст, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон мустақар гардид, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ашкҳо хушкиданд, хони мардум дигарбора аз нони сурх пур шуд, ба лабони парсингбастаи мардум дигарбора табассум дамид. Садои хандаву шодии кӯдакон баланд шуд ва боз суруди «Ёр – ёрон» дар сар то сари кишвари азизамон танинандоз гашт.

Дар Бадахшон бо талоши ӯ «дев» аз «дара» (манзур Дев­дара) дур андохта шуд ва роҳе, ки асрҳо баста буд, боз гашту ба Гулдара табдил ёфт. Ба касе пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ барои пайвастани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дигар манотиқи кишвар дар чор фасли сол набудани роҳи доимӣ аз мушкилоти сангин маҳсуб меёфт. Маҳз бо ташаббус ва ғамхории ин фарзонафарзанд мушкил бартараф гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба рушди илму фарҳангу ҳунар, шаҳрдорӣ, роҳсозӣ ва соири соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо дастоварди назаррас дорад.

Сарвари кишвар пуштибону ғамхори тоҷикони ҷаҳон, ятимону барҷомондагон, роҳнамою роҳкушои ҷавонони соҳиб­истеъдод мебошанд ва бо ин амалҳои нек азизи ҳамагон гаштаанд.

Лаҳзае ташрифи Пешвои миллатро ба ин ё он гӯшаи диёр ба хотир оред. Дар ҳар сафар бо меҳрубонию самимият бо хурду бузург суҳбат мекунанд, аз ҳолу аҳволашон мепурсанд, дилбардорӣ менамоянд ва агар мушкилоте дошта бошанд, ҳатман рафъ месозанд. Суҳбати озоду гуворо, шӯхиҳои бамаврид ва лутфи хуши ӯ дар ниҳоди мардум чунон як хушҳоливу руҳбаландие ба вуҷуд меорад, ки ҳатто гузашти вақт эҳсос намегардад. Хушгуфторӣ ва муомилаи неки Пешвои муаззами миллат фазилати бузурги ин фарзонамард аст, ки боиси пайравӣ ва омӯзиш мебошад. Бо одамони одӣ тавре суҳбат меороянд, ки онҳо руҳбаланд мегарданд, худро гум намекунанд ва озодона назди Пешвои миллат ҳарф мезананд. Барои ҳамин мардум бо муштоқӣ, меҳру муҳаббати самимӣ ба суҳбати Пешвои миллат мешитобанд, аз суҳбатҳои ӯ як ҷаҳон таассуроти хуш мебардоранд ва бо як неруи тоза паси кору рӯзгори худ мешаванд.

Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳар як гӯшаю канори ин мулк ба мардум он қадар меҳрубониву ғамхорӣ кардаанд ва ба хотири пешрафти Ватан он қадар талош намудаю бунёдкорию созандагӣ анҷом доданд, ки беҳисоб. Оморе мавҷуд нест, ки ин муддат чӣ қадар маъюбон аз ғамхориҳои Пешвои миллат бархурдор гардидаву чӣ қадар беморон шифо ёфтанд, чӣ қадар ҳамватанон соҳиби манзил гардиданд. Дуруст аст, ки мегӯянд кору амали некро намешуморанд, аммо набояд фаромӯш кард: ҳар амале Пешвои миллат анҷом медиҳанд, як саҳифаи таърих аст, ки ояндагон онро бояд донанд ва аз он пайравӣ намоянд!

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: