Ваҳдатофар ва эҳёгари бузург
Нақши роҳбарони сиёсӣ дар шаклгирӣ ва устувории ҳувияти миллии ҷомеаҳо инкорнопазир аст. Дар замоне ки даврони гузор ва буҳрон ҷомеаро фаро мегирад, бистар ва маҳаки аслии тавонмандии раҳбарон ва пешвоёни миллӣ дар ҳидояти ҷомеа ба сӯи ваҳдат ва субот ба вуҷуд меояд. Тоҷикистон пас аз фурӯпошии шуравӣ як даврони ҳассоси таърихии худро таҷриба кард. Даврае, ки ҷанги таҳмилии дохилӣ шикофҳои амиқи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ҷомеа падид овард ва бақои давлати навпои тоҷиконро бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ сохт. Дар чунин шароите муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун меъмори асосии аз нав сохтани давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ зуҳур карданд.
МУНОДИИ ВАҲДАТ
Ҷанги таҳмилии дохилии Тоҷикистон танҳо як даргирии мусаллаҳона набуд, балки шикофҳои ҳувиятӣ, минтақаӣ ва идеологиро дар ҷомеа амиқтар кард. Вобастагиҳои минтақаӣ, ки пеш аз ин ҳам вуҷуд дошт, дар даврони ҷанг ба қутбҳои хусумат табдил ёфт. Неруҳои мухолиф муташаккил аз неруҳои исломгаро ва демократ дар баробари давлат қарор гирифтанд. Ин шикофҳо зерсохтҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишварро вайрон кард ва ҳамбастагии миллиро ба шиддат заъиф намуд. Дар чунин бистари пурталотуме ҳар гуна талош барои бозсозии ваҳдати миллӣ ниёзманди рӯйкарде ҷомеъ мубтанӣ бар таомул ва созиш буд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин даврони мушкил, ки тақдири миллати тоҷик дар сари сӯзан меистод, ба сари қудрат омаданд. Аввалин ва муҳимтарин иқдоми хирадмандонае, ки Сарвари давлат пеш гирифтанд, ин авлавият бахшидан ба поён додани ҷанги дохилӣ аз тариқи музокироти сиёсӣ буд. Ӯ бо вуҷуди фишорҳои мухталиф ҷонбозиҳо ва азхудгузаштанҳо нишон дода, миллатро ба сӯи сулҳу оштӣ ҳидоят сохт. Ин иқдоми бузурги ӯ пояҳои бозгашти суботро ба сарзамини тоҷикон баргардонд. Дар ин замина даҳҳо ҳазор овора, ки ба кишварҳои ҳамсоя ва соири нуқоти ҷаҳон муҳоҷират карда буданд, ба Ватан баргаштанд. Ҳамин тавр, пояи нахустин ва устувори ваҳдати миллӣ аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуд.
Яке аз аркони асосии ваҳдати миллӣ тақвияти ҳисси ҳувияти муштарак аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фаъол ба тарвиҷи забони тоҷикӣ, мероси фарҳангию таърихӣ аз ибтидои роҳбарии худ то ба имрӯз пардохтааст. Ин ҳақиқатро бояд таъкид сохт, ки тасбити забони тоҷикӣ ба унвони забони давлатӣ нақши муҳиме дар ҳувиятбахшии миллати мо бозидааст. Баргузории бошукӯҳи маросимҳои миллӣ, ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Истиқлол ва солгарди шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, барои тақвият бахшидани ҳисси миллӣ муассир будааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба ҳувияти тоҷикӣ ва арзишҳои муртабит ба он таъкид месозанд, ки ин ба руҳияи худшиносӣ ва якдилу якҷон будани миллат таъсири амиқ мегузорад.
ЭҲЁГАРИ БУЗУРГ
Дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳо барои тавсиаи зерсохтҳо, ҷалби сармоягузорӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардум суръат гирифта, натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Суботи иқтисодӣ низ дар ин солҳо нақши муҳиме дар рифоҳи иҷтимоъ бозидааст, ки ҳамаи ин барои тақвият ва устувор гаштани ваҳдати миллӣ хидмат намудаанд. Бунёди неругоҳҳо, аз қабили Неругоҳи оби барқии «Роғун», тавсиа ва азнавсозии роҳҳо чун бузургтарин омили ҳамлу нақл на танҳо барои рушди иқтисод мусоидат кардаанд, балки чун воситаи наздик шудани сокинони кишвар ба ҳамдигар таъсири бесобиқае гузоштаанд.
Агар гуфтаҳои болоро натиҷагирӣ кунем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае, ки Тоҷикистон бо хатари фурӯпошии комил мувоҷеҳ буд, бо авлавият додан ба сулҳ, оштии миллӣ ва талош барои эҷоди як давлати фарогир нақши меҳварӣ дар ҳидояти мардуми кишвар барои расидан ба ваҳдати миллӣ ифо карданд. Стратегияи пешгирифтаи Пешвои миллат, ки шомили поён додан ба ҷанг, ба зери як парчам гирд овардани миллати парешонгаштаи тоҷик, тақвияти ҳувияти миллӣ ва тавсияи иқтисоди харобгаштаи мамлакат буд, амалӣ гаштанд ва пояҳои суботро дар Тоҷикистон устувор гардониданд.
Масири таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвари мо, албатта, ба осонӣ тай нашудааст. Он ниёз ба ҳидоятгар ва пешвое дошт, ки мардум дар атрофи ӯ ҷамъ оянд, ӯро эҳтиром созанд, дӯст доранд ва ба ҳарфаш гӯш диҳанд. Ба бахти миллати тоҷик ҳамин гуна инсон дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуданд, ки иттиҳоди миллиро ба вуҷуд оварданд, пояҳои ҳамдилию ҳамбастагиро устувор гардониданд. Барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихии миллат талош намуданд, суннатҳои фаромӯшшудаи миллиро эҳё карданд, муаллими дарси худшиносии миллӣ шуданд. Ӯ барои ба огаҳӣ расонидани мардуми тоҷик ва ба бедорию озодӣ расонидани он нақши эҳёгари бузургро бозиданд.
фазилати ахлоқӣ
Барои расидан ба ваҳдати миллӣ халқи тоҷик роҳи дуру дарози таърихиро тай намудааст. Аз миёни обу оташ гузаштааст. Ормонҳои бузургеро, ки ваҳдат як ҷузъи он маҳсуб мешавад, дар ҳастии худ парвариш додааст.
Осори донишмандон ва ашъори шоирони классику муосирамон нишон медиҳанд, ки дар фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ваҳдат танҳо як дастури идорӣ набуда, балки як фазилати ахлоқӣ низ ба шумор меравад. Ниёконамон ба мо меомӯзанд, ки ваҳдат ҳамдардӣ, ҳамдилӣ, посдорӣ аз сарзамин, мудоро ва гузашт аст.
Ин омӯзаҳои ниёконамон имрӯз таҳаққуқ ёфтааст. Ваҳдати миллӣ ба фарҳанги пойдоре мубаддал гашта, Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати фарҳангофарини хеш пештози ин арса мебошанд.
ВОРИС,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
