https://sadoimardum.tj

Ҷашни Тиргон

№:82 (5134), 01 июл 2026, 16:33
17

ИБТИКОРОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ИДОМА БОЯД ДОД

Замони соҳибистиқлолӣ бо раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё намудан ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашну суннату маросими дерини аҷдодӣ дар мисоли Нав­рӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада ибтикороти ҷиддие рӯйи даст гирифта шуд ва ин раванд ҳамоно идома дорад. Ба ин тартиб, яке аз ҷашнҳои куҳани аҷдодии мо Тиргон мебошад.

Мардумони ориёитабор Ҷашни Тиргонро айёми гармои тобистон, ки мувофиқ ба 1 июли солшумории григорианӣ аст, таҷлил мекарданд. Муҳимтар аз ҳама, ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ ҳамагӣ бо аносири табиӣ - хок, об, оташ ва бод (ҳаво) тавъам будаанд. Аз ин ҷост, ки Наврӯз бо замин (хок), Тиргон бо об, Меҳргон бо осмон (боду ҳаво) ва Сада бо оташ иртибот гирифтаанд.

Дар асотири Эрони бостон Тир ба унвони эзади борон муаррифӣ шуда, дар куҳантарин китоби ҷаҳон - «Авасто» дар қолиби «Тиштарйа», дар забони паҳлавӣ ба шакли «Тиштар» ва дар забони форсии навин дар шакли «Тиштар» ва «Тир» зуҳур кардааст. Бар мабнои устураҳои авас­тоиву паҳлавӣ, Тиштар муваззаф шудааст, ки аз дарёи Фарохкарт об гирифта, онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонида, бад-ин минвол заминҳои мардумро, ки бар асари гармои сахту муҳлик хушк шудаанд, сероб гардонад. Ҳамчунин, Тиштра исми ситораи рахшонтарини осмон буда, ба лиҳози мундариҷавию решаӣ бо ситораи Сириуси юнонӣ ҳамхонӣ дорад.

Ҷанбаи устуравии Ҷашни Тиргон хеле қавист ва мисли соири асотири ҷашнӣ, ҷаҳонбинии паҳлавонии мардуми эронитаборро ба ҷилва дармеоварад. Мувофиқи асотири ориёӣ, дар ин рӯз Манучеҳри Пешдодӣ дар мавзеи Табаристон аз Афросиёб шикаст мехурад ва бузургону рӯзгордидагону паҳлавонон барои тақсимоти қаламрав ва мушаххас кардани ҳадду марз шарт пеш мегузоранд. Бар мабнои маслиҳату машваратҳои бузургон ва ҳаллу фасли мушкилоти марзию ҳудудӣ, ба паҳлавони номовари ориёӣ Ораши Камонвар фармуда мешавад, ки ба болои кӯҳи Дамованд баромада, бо тамоми неру аз камон тир холӣ кунад. Камони кашидаи Ораши Камонвар бар асари қудрати ҷисмӣ ва тавони бозуӣ пора мешавад, ва тир бо суръати баланд ба сӯйи дарёи Ҷайҳун партоб мегардад. Устураҳо талқин мекунанд, ки тири Ораши Камонвар бо суръати баланд аз субҳ то нимрӯзӣ дар фазои онрӯзӣ парвоз карда, оқибат ба танаи як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун бархурда, меафтад. Пас, ҷой ва макони афтиши тири Ораши Камонварро ҳадду марзи Эрону Турон муқаррар мекунанд. Ин ҳодиса, ки дар қолаби устура рехта шуда, асрҳо ҳамчун манбаи мифологию маданӣ хидмат мекунад, боиси ҳалли мушкилоти марзию мушаххассозии сарҳади кишвар ва баргузории ҷашни хушҳолӣ гардидааст.

Мусалламан, пас аз роиҷ шудани Ҷашни Тиргон миёни ақвоми ориёӣ маросиме бофтаву пардохта шуд, ки яке аз қадимтарини онҳо «Обрезон» мебошад. Маросими «Обрезон» дар силсилаҷашнҳои дигари ориёӣ ҳам вомехурад, вале дар Ҷашни Тиргон мушаххасоти он дигаргуна аст. Бар пояи баъзе мадорики асримиёнагӣ, замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ (459-484) дар Ориёнзамин ҳафт сол хушксолӣ шуда, бар асари он рӯзгори баде иттифоқ меафтад. Дар натиҷаи хушксолӣ мардуму ҷонварон ва гиёҳон маҳв мешаванд. Ин вазъи ногувор шоҳ Пирӯзи Сосониро ба андешидани тадобири зарурӣ вомедорад. Пирӯзи Сосонӣ дастур медиҳад, ки барои даъвати борон дар оташкада ба ибодат пардозанд. Ниҳоят, бо гузашти ҳафт сол, дақиқтараш дар рӯзи Тир, борон меборад ва заминҳо сероб мешаванд. Ба хотири ин борони раҳмат Пирӯзшоҳ амр мекунад, ки ин рӯзро «Обрезон» ном ниҳода, ҳамасола ҷашн бигиранд.

Дар доираи маросими «Обрезон», ки ҷавҳари Ҷашни Тиргонро ташкил медиҳад, мардуми ориёӣ ба дохилу хориҷи манзилҳои зисти худ об пошида, рубучин мекарданд, либоси тоза ба бар намуда, хушҳолӣ менамуданд. Дар ин миён, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона бофта, онро «Тиру бод» меномиданд. Бо гузашти даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода, ба бод медоданд. Маҳз, дар ин рӯз ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, аз манзилу хонаҳои худ бурун омада, хушҳолӣ карда, ба якдигар об мепошиданд. Бад-ин минвол, расми маъмуле ба вуҷуд омад, ки то имрӯз, хушбахтона, дар баъзе минтақаҳои ориёинишин ин суннату маросими куҳани аҷдодӣ бо андаке тағйирот маъмул аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Наврӯз, Меҳргон, Ялдо, Сада таҷлили анъа­наҳои Тиргон низ дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ҳанӯз побарҷоянд. Аз сӯйи дигар, дар гӯшаву канори кишвари азизи мо то имрӯз дар иртибот бо об, эҳтирому эътимод ба об, покиза нигаҳ доштани об, боронталабӣ ва амсоли инҳо эътиқодномаҳои мардумӣ дар қолиби маросими ҷудогонаи ҷашнӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, бо мақсади вуруди борон ва боронгир шудани заминҳои ҳосилдеҳ маросими «Ашаглон», «Сусхотун», «Чиллахотун» то ба солҳои наздик иҷро мешуданд. Гузашта аз ин, дар тасаввуроти мардуми баъзе минтақаҳо то ба имрӯз бовару эътиқодот дар мавриди эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар (дар баъзе минтақаҳо бо номи «Бобо Қилдир» маъмул аст) боқӣ мондаанд, ки бешак, ҳузуру нуфузи асотиру ривоёти оммиёнаи ниёгони моро дар заминаи эзади борон - Тир тасдиқ мекунанд.

Яке аз минтақаҳое, ки то имрӯз аносири ҷашнҳои куҳани миллиро дар қолиби маросими ҷолибу зебое мунсаҷим кардааст, Бадахшон мебошад. Ҳарчанд ки имрӯз сокинони маҳаллӣ бо иҷрои баъзе русумоти аҷдодӣ бо номи маросими Тиргон ёд намекунанд, ҳангоми равон кардани об ба ҷӯй расмеро роҳандозӣ менамоянд, ки он дар Шуғнону Роштқальа таҳти унвони «Хатс сар дед» ва ё «Хатс ай чид» («Сар додани об» ё «Об равон кардан ба ҷӯй») маъмул аст.

Тиргон барномарезиҳои кишоварзиро низ дар худ таҷассум менамояд. Маълум аст, ки барои рӯидани зироат, маҳз «обу тоб», яъне об ва равшанию гармии офтоб зарурат дорад. Ба ин маънӣ, кишоварзони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти обу тоби зироат расму оинҳои суннатиро иҷро намуда, дар ҷараёни умури кишоварзӣ аз таҷрибаҳои ниёгон зиёд истифода мекунанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати эҳёи комили ҷашни куҳани аҷдодӣ - Тиргон ва маъмул гардондани маросими он анҷом додани тадбирҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:

Якум, дар чаҳорчӯби асотиру маросими Тиргон метавон силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, сайругаштҳои оммавӣ, фестивал-озмунҳои саросарӣ, намоишҳои театрӣ, бозиҳои миллию мардумӣ, мусобиқоти варзишӣ ташкил ва баргузор кард.

Дувум, даст ба кор шудани доираҳои илмию академӣ, муҳити фарҳангӣ-ҳунарӣ ва ҳавзаҳои адабию маданӣ, дар заминаи омӯзишу таҳқиқ ва шинохту муаррифии шоистаи Тиргон ва маросими он талаботи замон маҳсуб мешавад. Ҳар қадар ибтикороти илмӣ-ихтисосӣ, талошҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ ва ташаббусоти адабию маданӣ дар ростои шинохту муаррифии Тиргон ҳамчун ҷашни бостонии миллӣ афзоиш ёбанд, ҳамон қадар ин ҷашн миёни мардум эътибору маҳбубият пайдо мекунад.

Севум, мусалламан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави иқдомоти созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар робита ба масъалаҳои об ва дипломатияи об шинохта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, тавъам додану пайванд намудани арзишҳои қадимии ниёгон (дар мисоли иҷрои маросимоти Тиргон), ки гиромидошти обро ба унвони арзиши меҳварии ҷашнӣ талаққӣ кардаанд, бо ибтикороти имрӯзаи раҳбарияти олии давлати миллӣ дар қиболи ҳифзи обу пиряхҳо воқеияти Ҷашни Тиргонро таҳким бахшида, мақому ҷойгоҳи кишвари моро дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ боло мебарад.

Чорум, ба таври куллӣ, ҷаҳду талошҳои ҳадафмандонаи мо дар заминаи ҳифзу гиромидошт ва сиҳату солим ба насли оянда мерос гузоштани иду ҷашну маросими бостонии миллӣ, аз ҷумла Тиргони аҷдодӣ, роҳро барои тақвияти хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамвор месозад.

Панҷум, то ба сатҳи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Ялдову Сада расонидану фарогир кардани Тиргон вазифаи мост. Дар ин замина, бояд аз тамоми имконоти фикрию иҷтимоию фарҳангию маданӣ истифода кард, то ин ки Тиргон ба унвони ҷашни миллӣ миёни табақаҳои иҷтимоӣ ва кулли сокинони ҷумҳурӣ маъмулу таҷлил гардад. Ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти эҳё ва рушду густариши ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ, аз ҷумла Тиргон, ҳадафмандона идома бояд дод.

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Ҳамчунин дигар маводҳо: