Ёддоште дар ҳошияи китоби Раҳимзода Р. Ҳ.
Солҳои охир шинохти шахсият, фаъолият ва мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзуъҳои меҳварии тадқиқоти илмҳои ҷамъиятии кишвар буда, таваҷҷуҳи доираи васеи муҳаққиқони хориҷиро низ ҷалб намудааст. Ҳоло дар ин мавзуъ теъдоди зиёди осори илмӣ, оммавӣ, адабӣ ва ҳунарӣ фароҳам омада, муаллифон паҳлуҳои гуногуни ин мавзуи доманадорро мавриди омӯзиш ва инъикос қарор додаанд. Аз ин рӯ, дар назари аввал гуфтани сухани нав ва навиштани асари тоза дар ин мавзуъ хеле мушкил менамояд. Аммо мутолиаи китоби нави доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р. Ҳ. «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе, «ЭР-граф», 2025, 484 саҳ.) нишон медиҳад, ки сатҳи шахсият, бузургии рисолат, аҳамияти мактаби давлатдорӣ ва ҷойгоҳи миллию мардумии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуи фарохест, ки он метавонад аз паҳлуҳои боз ҳам дигар омӯхта шуда, ҷиҳатҳо ва хусусияти комилан нави он барои ҷомеа пешниҳод гардад. Аз ин рӯ, хулосаи нахустин дар бораи китоби мазкур ин аст, ки ба муаллиф муяссар гаштааст дар мавзуи бисёр пажуҳишшудае, ки дар он олимон ҷилд-ҷилд китоб навиштаанд (саҳ.171) асари шаклан ва мазмунан тозаву мустақил офарад.
Барои арзёбии асари бузургҳаҷми Раҳимзода Р. Ҳ. метавон ба ду нуктае ишора кард, ки китобро хос, муҳим ва хонданӣ намудаанд:
Якум, асар дорои равиши махсуси илмию методологии худ буда, сохтори он ба тарзи бисёр дақиқ ва бо пайвасту пайдарҳамии мантиқӣ тарҳрезӣ шудааст. Муаллиф шахсият, фаъолият, рисолат ва мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллатро фасл ба фасл бозкушоӣ, ҷараёну марҳилаҳои ташаккули шахсияти ӯро чун раванди зиндаи инсонӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боз намудааст. Ин аст, ки бо тафовут аз аксар асарҳои дар ин мавзуъ дастрасшуда китоби мазкур моҳияти ҷомеъ ва фарогир ёфта, тақрибан, тамоми паҳлуҳои фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифтааст.
Дуюм, гарчӣ муаллиф барои такмили андешаҳои худ аз доираи васеи адабиёти илмию сиёсӣ истифода кардааст, лек нуктаи дигари қувватдиҳандаи асар маҳз дар он аст, ки худи ӯ ҳамчун шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва равандҳои ҳассоси тасвиршаванда дар асар ширкат намуда, ба он навъе руҳ, ҳарорат ва динамикаи хоса бахшидааст. Яъне, нуктаву лавҳаҳои асар танҳо натиҷаи тадқиқоти хушки дафтарию китобии шахси сеюм набуда, нависанда чун яке аз ҳамсафон ва пайравони Пешвои миллат диду таҷрибаи амалии худро низ бар он афзудааст.
Китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз баррасии амиқи яке аз масъалаҳои муҳимтарини илмҳои фалсафа ва сиёсат, яъне мақоми шахсият дар таърих, ҷомеа ва сарнавишти миллатҳо, оғоз мегардад. Ин мавзуъ дар пешгуфтор ва боби якуми китоб матраҳ шуда, муаллиф талош мекунад ба ин саволи ҷовидонаи илму таърих назари худро баён созад, балки онро исбот намояд. Бо ин мақсад ӯ дидгоҳҳои файласуфони қадиму муосири ғарбӣ ва нухбагони адабиёти классики тоҷику форс чун Софокл, Бернс, Бдондел, Теккер, Фирдавсӣ, Низом-ул-мулк, Носири Хусрав, Саъдӣ Шерозӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Насируддини Тӯсӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва афкори донишмандони муосири тоҷик чун академик С. Ятимов, академик К. Олимов, А. Имомов, Н. Амиршоҳӣ, З. Саидзода ва ғайраро дар мавзуи мазкур ба таври васеъ баррасӣ намуда, собит намудааст, ки, дар ҳақиқат, нақши шахсият дар таърих ниҳоят бузург ва калидӣ буда, умуман, худи моҳияти таърих аз фаъолияти ҳадафмандонаи инсон иборат аст (саҳ.5).
Чунин вуруди васеи назариявӣ ва асосноккунии илмии муаллиф ба мавзуи мубрам аз ду назар бисёр муҳим мебошад.
Аввалан, ин гуна муҳокимаронӣ ва хулосагирӣ баъзе назарияҳои ғайриилмии постмодернистии инкоркунандаи нақши шахсият дар сарнавишти давлатҳо ва миллатҳоро рад менамояд. Сониян, он заминаи назариявиро барои ифода ва исботи яке аз тезисҳои марказии китоб, яъне нақши таърихии шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷик, ҳамвор месозад.
Дар қадами баъдӣ, муаллиф бо овардани мисолҳои мушаххас ва фаровон аз корнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои он барои давлату миллати мо тезиси асосии худ, яъне, нақши таърихӣ доштани шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷикро ба пуррагӣ исбот менамояд. Ин усули коргирифтаи Раҳимзода Р. Ҳ. имкон медиҳад, ки масъала ҳам аз ҷиҳати илмию назариявӣ исбот ёбад ва ҳам аз назари таҷрибаю амалӣ устувор карда шавад. Яъне, метавон гуфт, ки худи боби якуми рисола ба танҳоӣ асари мустақили илмию таълимӣ мебошад.
Маҷмуи далелҳо ё дастгоҳи истидлолии Раҳимзода Р. Ҳ. барои нишон додани рисолати давлатдорӣ ва нақши таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин асар хеле фарогир аст. Гарчӣ ин мавзуъ ба таври мушаххас дар фаслҳои аввали боби якум омӯхта шудааст, ҳамзамон, тамоми 14 фасл ва пешгуфтору хулосаи асар, дар маҷмуъ, ҳамин андешаи меҳварии онро исбот менамоянд. Тавре муаллиф таъкид менамояд, муҳимтарин рисолат ва хидмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлатдории миллист. Аҳамияти ин хидмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки масъалаи давлат ва давлатдорӣ барои тамоми халқу миллатҳо, аз ҷумла мардуми тоҷик, масъалаи рақами як мебошад. Агар ба сарнавишти печидаи тоҷикон ҳамчун миллат нигарем, меҳвари асосии таърих ва муборизаи миллии моро маҳз масъалаҳои Ватан, сарзамин, истиқлол ва давлат ташкил додаанд. То ҷое ки тамоми қаҳрамонони халқи тоҷик ва қаҳрамонони Тоҷикистон маҳз шахсоне будаанд, ки барои ҳифзи ин арзишҳо мубориза кардаанд.
Сабаби чунин ҷойгоҳи меҳварӣ пайдо кардани масъалаи давлат барои тоҷикон дар он аст, ки буду ҳастии миллии тоҷик ҳамеша бо Ватан ва истиқлоли сиёсии онҳо вобаста будааст. Яъне, ҳар гоҳе ва ҳар ҷое, ки тоҷикон соҳиби давлат будаанд, манфиатҳо, арзишҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва бақои миллии худро таъмин карда тавонистаанд. Баръакси ин, ҳар ҷое, ки ҳокимияти сиёсӣ ва сарзамин, яъне, давлатро аз даст додаанд, раванди ҳалшавию нобудии тоҷикон оғоз шудааст. Бинобар ин, имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки доштани давлати миллии мустақил муҳимтарин омили бақои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Хоса, дар шароити нави таърихӣ масъалаи бақои тоҷикон ҳамчун миллат бо бақои давлати миллии мустақили онҳо бевосита гиреҳ хӯрдааст. Ин аст, ки аз нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлатдории миллӣ амалан хидмати ҳаётии ӯ дар наҷоти худи миллат ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, аз аҳамияти хидмати аввал рисолати дувуми ӯ, яъне наҷоти миллат аз нобудию парокандагӣ, исбот мегардад.
Албатта, худи ҳамин ду хидмат, яъне, наҷоти давлат аз нобудӣ ва наҷоти миллат аз парокандагӣ кофист, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияти таърихӣ ва Пешвои наҷотбахши миллӣ эътироф гашта, номи ӯ дар таърихи халқи тоҷик дар канори бузургону қаҳрамононе чун Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон ҷовидонӣ гардад. Аммо муаллифи асар равиши мантиқию истидлолии худро идома дода, дар фаслу бобҳои дигар ҷойгоҳ ва фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун арбоби барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ (фасли 1.2), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фасли 1.3), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ (фасли 1.4), Пешвои миллат (фасли 1.5), Қаҳрамони Тоҷикистон (фасли 1.6), Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ (фасли 1.7) ва ходими барҷастаи ҷамъиятӣ (фасли 1.8) ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба ин восита, ба муаллиф муяссар мешавад, ки бо инъикоси фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат симои ҷомеи ӯро барои хонандаи дохиливу берунӣ ба таври бисёр муфассал ва тоза муаррифӣ намояд, ки, албатта, дар доираи ин навишта баррасӣ намудани моҳияти ҳар фасли китоб аз имкон берун аст.
Боби дуюми китоб (саҳ.298-383) ба сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Он низ дар заминаи таҳлили доираи васеи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, гузоришҳои расмию оморӣ, адабиёти илмию таҳлилии соҳавӣ ва маълумоти хосаи муаллиф таҳия гашта, моҳияти асосии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ва динамикаи рушди онро дар даҳсолаҳои охир ба таври асоснок нишон додааст. Дар ин самт сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавқеи занону ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии давлат, таъсири ин сиёсат ба некуаҳволии шаҳрвандони кишвар, тарроҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат ва ғайра ба таври муфассал таҳлил шудаанд.
Боби сеюми китоб (саҳ.384-478) масъалаи хеле ҳассос ва муҳим, яъне таҳлилу баррасии сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад. Дар ҳақиқат, сиёсати хориҷӣ яке аз муваффақтарин самтҳои фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, натиҷаи асосии он муаррифии сазовори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва устувор гардонидани ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин боб Раҳимзода Р. Ҳ. сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба се самти асосӣ тақсим намуда, аввал, моҳият ва хусусияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҷойгоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, дуввум, моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат ва сеюм, нақши ӯро ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар баробари ин, фасли алоҳидаи китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ҷойгоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон мавриди таҳлил қарор медиҳад. Воқеан, имрӯз Тоҷикистон хонаи умеди тамоми форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон буда, Роҳбари он Пешвои тамоми онҳо ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳисоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як унвони ташрифотӣ нест. Моҳияти масъала дар он аст, ки гарчӣ қаламрави густариши тамаддуни ориёӣ ва забони форсию тоҷикӣ бисёр фаротар аз Тоҷикистон аст, аммо имрӯз танҳо Тоҷикистон кишварест, ки дар он тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги форсию тоҷикӣ ҷойгоҳи расмию давлатӣ доранд.
Ҳамин тавр, китоби нави Раҳимзода Р. Ҳ. «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» як асари илмӣ-оммавии яклухт ва том дар мавзуи мубрами фалсафӣ ва сиёсии рӯз буда, аз аҳамияти хосаи илмию назариявӣ ва амалию корбурдӣ бархурдор аст. Ба муаллиф муяссар гаштааст, ки бо истифода аз ҳаҷми бузурги маълумоти воқеию таърихӣ, арзёбии илмии равандҳои мураккаби сиёсии дохиливу берунӣ ва корбурди равишҳои пазируфтаи илмию методологӣ мавзуи мавриди назарро пурра ҳал намуда, андешаву тезисҳои асосии асарро пурра ба исбот расонад. Ин аст, ки китоби мазкур як падидаи наву ҷиддӣ дар фазои илмҳои ҷамъиятии ватанӣ буда, бешубҳа, қадами тозаву устувор дар таҳлилу баррасии ин мавзуи муҳим ба шумор меравад.
Абдуллоҳи Раҳнамо,
сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
