Очаҷон, дӯстат медорам!
Деҳа чӣ ҷои хубест. Боде, ки мевазад ба димоғи кас бӯи хуши гулро мерасонад. Барги дарахтон шибир-шибиркунон ба ҳамдигар афсона мегӯянд. Офтоб нурҳои зарҳалини худро бедареғ ба рӯйи деҳа мепошад ва симои онро муҷалло мегардонад.
Модар назди тиреза нишаста, лаҳзашуморӣ мекард, ки кай фарзандаш ба дидораш меояд. Чанд моҳ боз ӯро надидаву пазмонаш гаштааст. Фарзандашро ёд мекард, ки дарвоза кушода шуду писараш ворид гашт....
Бо чашмони камнур, вале пурмеҳр писарашро пешвоз гирифт, ашкаш равон шуд. Мисли кӯдак меболиду нигоҳашро аз писараш намеканд. Ӯро мебӯсиду мебӯид. Сарашро сила мекард. Гуфтораш пурҳарорату тасаллобахш буд. Гӯё холиқи якто ӯро маҳз барои гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек офарида бошад.
Модару писар то поси шаб бо ҳам ҳарф заданд. Рӯзҳои гузаштаро ба хотир оварданд, аз падари раҳматӣ ёд карданду аз набераҳо низ. Модар ба чеҳраи писараш бо муҳаббати беандоза менигарист. Ҳар лаҳза рӯю мӯю чашму абрӯи писарашро бо дастони пурожангаш мемолид. Ба хатҳои ҷабини писар бодиққат менигарист, гӯё аз ин хатҳо маънӣ меҷусту тақдири минбаъдаи писарашро муайян мекард.
Модару писар шабро канори ҳам рӯз карданд. Писар субҳ барвақт бедор шуд, либосҳояшро пӯшид, аммо кафшҳояшро пайдо накард. Ҳайрон шуд. Дирӯз онҳоро назди дар гузошта буд. Хонаро чанд бор давр зад. Ниҳоят, онҳоро канори бухорӣ пайдо кард. Лаҳзае мутаваҷҷеҳ шуд. Фаҳмид, ки модараш шабона кафшҳоро пеши бухорӣ гузоштааст, то субҳ пойҳои писараш гарм бошанд. Ашк беихтиёр дар чашмонаш ҳалқа зад. Панҷоҳсола буд, соҳиби фарзанду набера, аммо дар назари модар ҳамоно кӯдакро мемонд, кӯдакеро, ки шабҳо побараҳна рӯи ҳавлӣ мегашт ва модар аз пасаш «сармо мехӯрӣ»,- гӯён медавид.
Ба ошпазхона рафту дид, ки модар бо вуҷуди камқувватӣ дар ҳоли омода кардани субҳона аст.
Модар бо табассум:
- Бедор шудӣ, писарам? Шаб сард набуд?
Ин савол дили мардро такон дод. Ӯ модарро бо тамоми вуҷуд ба оғӯш гирифт, пешониашро бӯсиду гуфт:
- Не, очаҷон, сард набуд. То вақте Шумо ҳастед, сардиро эҳсос намекунам. Очаҷон, хеле дӯстататон медорам…
Модар дуои хайр дод:
- Худо аз ту розӣ бошад, бачам.
Пас аз субҳона мард маҷбур шуд ба шаҳр баргардад, зеро кору зиндагияш он ҷо буд. Ҳини видоъ ашкашро чун марворид ба нишони сипосу муҳаббат пеши пои модар рехт.
Аз байн чанд рӯз гузашт, аммо ҳанӯз дилкашоли модар буд. Мехост бол барораду парвозкунон ба дидори модар равад, дубора модарашро бубинад, аммо зиндагӣ...
Дар дил аҳд кард: то даме модар зинда аст, бештар биёяд ва бигӯяд: «Очаҷон, дӯстат медорам!»
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
