https://sadoimardum.tj

Фосилаи нафасҳо

№:87 (5139), 15 июл 2026, 15:21
4

Чанде қабл миёни анбуҳи китоб­ҳо ба маҷмуаи ашъори «Нафаси фосилаҳо»-и табиби ҳозиқ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон Бобоназар Шамсиддинзода чашмам афтод. Китобро гирифтаму баркушодам ва аз мутолиаи нахустин шеъраш ба дунёи рангин ва пурэҳсоси шоир ворид шудаму байти мондагору зебои устод Лоиқ Шералӣ ба хотирам расид:

Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,

Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.

Табиби ҳозиқ Бобоназар Шамсиддинзода пайрави бобокалонамон Абуалии Сино аст, ҳазорон беморро дармон бахшида, ба шеъру шоирӣ низ дилбастагии хос дорад.

Ӯ то ин замон осори зиёд таълиф кардааст. Аз ҷумла, «Нафаси субҳ», «Файзи саҳар», «Ояти шаб», «Тану дарду дармон», «Сайри ғуруб», «Марде дар нимароҳ», «Башорате аз малакут», «Башорате дигар...», «Садои бесадоӣ» ва «Аз қаър то ба авҷ»-ро пешкаши хонандагон гардондааст. Бобоназар Шамсиддинзода доктори илми тиб, муаллифи 17 китоб ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Аз мутолиаи ашъори ӯ ҳувайдо мегардад, ки дунёи хаёлоти ӯ рангорангу хеле зебо аст ва бештар дар қолабҳои шеъри нав афкори худро тазйин додааст. Бобоназар Шамсиддинзода дар ин ҷода муваффақ низ ҳаст:

Ту ба ман дар гузари танҳоӣ

Як нигаҳ туҳфа намудӣ рафтӣ,

Бехабар з-он ки

нигаҳ фонуси ин кӯчаи дил ҳоҳад шуд.

Пас аз он рӯз ва шабҳои маро

Шиҳаи аспи ҳамон як нигаҳ ором - ором

Сӯи он мактаб аз ин кӯчаи танҳоӣ бурд,

То ки асрори яке эъҷозам

Бинависам ба ғами дафтари дил.

Ба маҷмуаи «Нафаси фосилаҳо» Шоири халқии Тоҷикистон устод Доро Наҷот сарсухан навиштаву Бобоназар Шамсиддинзодаро «шоире бо кӯлбори андешаҳои тоза» унвон додааст, ки, дарвоқеъ, баҳои воқеӣ аст. Ӯ менависад: «Зеҳни Бобоназар ҳамсози шеваҳои тозагӯист, ки ин вижаи шеъри сапед аст. Бобоназар дар шеъри сапед равишҳои суҳробиро тарҷеҳ медиҳад ва ин равишҳоро бо тобишҳои тоҷикона ороя мебандад. Ӯро наметавон муқаллиди Суҳроби Сипеҳрӣ шумурд, балки метавон пайрави тозакор дар шеваи суҳробӣ номид. Инҷониб мутмаинам, фаро мерасад вақте ки Бобоназар аз ин шева низ худро берун мекашад ва равиши бобоназарии худашро касб хоҳад кард».

Дар идома устод Доро Наҷот доир ба шеъри сафед ё мудерн ва муваффақияти шоир андешаҳои ҷолибе баён кардааст: «Сохтори шеъри сафед бо сохтори шеъри арӯзӣ комилан тафовут дорад ва ҳеҷ қоидаи онро риоят намекунад, вале дар заминаи оҳанг ё зарбоҳанге вижа гуфта мешавад ва аз душворёбтарин анвои шеър аст, аз ин лиҳоз дар Тоҷикистони мо ононе, ки шеъри асили сапед мегӯянд, ангуштшуморанд. Ва Бобоназар Шамсиддинзода аз ҷумлаи ин теъдоди ангуштшумор аст. Ӯ яке аз шоирони муваффақи сапедсарои мост».

Бале, ашъори ӯ аз умқи хаёлоти тозаву зебо ва рангорангаш сарчашма мегиранд. Ашъораш чун оби чашмаҳои кӯҳсорон ширину мусаффо аст. Ҳар мисраи ӯ созанда, пур аз меҳру садоқат ва, ҳамзамон, тарбиятгар низ ҳастанд:

Дар ин замона ҳама худ дар худ ғунҷидаанд,

Ҳама худ аз худ мегурезанд. Ҳама худ ба худ аз рӯйи нақшаи пойиз
ҳарф мегӯянд,

Ҳама худ ба худ аҳд мебанданду шоҳидони даруни синаро меронанд ва ҳазорон бор косаи аҳдро мешикананд...

Дар ашъори Бобоназар Шамсиддинзода ҳикматҳои мардумиро низ метавон бо зебоӣ ва тобишу ҷилои дигар мушоҳида намуд:

Хирад ин сарвати олитарин аст,

Хирадманд аз азал болонишин аст.

Ва мурғи қалби ӯ доим ба парвоз,

Ҳамеша пайкари оғӯши вай боз...

Ишқ даричаест, ки ба василаи ӯ шоир ба дигар масоили рӯзмарра ворид мегардад ва андешаҳои худро иброз медорад. Аз ашъораш ҳувайдост, ки андешаҳо дар қалби ӯ тӯғён мекунанд ва аз қалбаш берун метарованд. Ҳамзамон, аз ашъораш пайдо мегардад, ки ӯ ҳамчун шоир дар ҷодаҳои ҳамвору ноҳамвори зиндагӣ қадам мезанаду аз мушоҳидаву таҷрибаи зиндагии худ дар ашъораш қисса мекунад:

Донишкадаи самои армон

Он ҳуҷраи дарси сад зимистон.

Афсуни баҳори зиндагиро

Мехонда ба ҷамъи майпарастон.

То он ки муаллими маонӣ

Аз гӯши муроди дил ҳамедошт...

Ба назари мо маншаи ашъори Бобоназар Шамсиддинзода рӯзгори ҳаррӯзааш ва ҳамнишиниаш бо халқ аст. Албатта, шодию нишот, дарду ранҷи зиндагӣ, пеш аз ҳама, ба қалбу руҳи шоирон таъсир мегузорад. Ҳамин дилсӯзӣ, муҳаббат ба зиндагӣ дар ашъори ӯ хеле зебову таъсирбахш таҷассум ёфтааст:

Паси дарвозаи меҳр

андуҳи рангҳоро шунидам,

ки мӯи пареши хаёлро шона мекард.

****

Чарх мечархид

Чун бодфираки бачаи ҳамсоя.

****

Ҳавз андоми нигаҳро шикаст.

Хулоса, Бобоназар Шамсиддинзода дар баробари табиби ҳозиқ будан шоири тозагӯву ҷӯянда аст, ба шеъру калом ва килку дафтар дилбастагии хос дорад. Албатта, касе инро дарк карда метавонад, ки ашъори ӯро ошиқонаву самимона мутолиа намояд ва сари ҳар мисраи ӯ биандешад.

Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ,

номзади илмҳои филологӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: