https://sadoimardum.tj

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ

Нигини сурхи адабиёт

№:88 (5140), 17 июл 2026, 17:06
3

Робиаи Балхӣ, мулақаб ба Зайн-ул-араб, нахустин бонуи шоири шинохташуда дар таърихи адабиёти тоҷик аст, ки номаш бо шеър, озодӣ ва фарҷоме ҳавлнок гиреҳ хӯрдааст. Ӯ дар қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ, ҳамзамон бо ҳукумати Сомониён, дар пойтахти фарҳангии он даврон - шаҳри Балх мезист. Робиа на танҳо ба сабаби сурудани ашъори нағз ба ду забон - тоҷикӣ ва арабӣ ба унвони «модари шеъри форсӣ» шинохта мешуд, балки дар саворкорӣ, шамшерзанӣ ва наққошӣ низ маҳорати беназир дошт. Аммо таърих ӯро на танҳо бо ҳунари шоирӣ, балки ба хотири фарҷоми хунин ва қатли такондиҳанда ба дасти бародараш ёд дорад. Ҷинояте, ки аз он ба унвони яке аз аввалин намунаҳои сабтшудаи «қатли номусӣ» дар таърих зикр мешавад.

Каъби Қаздорӣ, падари Робиа ва фармон­равои муқтадири Балх, Сиистон ва Қандаҳор, шефтаи ҳуш ва фаросати духтараш буд ва шахсан ба таълими ӯ ҳиммат гумошт. Дар ин бора Аттор дар «Илоҳинома» мегӯяд:

Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,

Ки гӯӣ аз лабаш таъме дар он буд.

Падар пайваста дил дар кори ӯ дошт,

Ба дилдорӣ басе тимори ӯ дошт.

Каъб дар остонаи марг Робиаро ба писараш Ҳорис супурд ва аз ӯ хост, ки монанди ҷон аз хоҳараш муҳофизат кунад. Бо такя задани Ҳорис ба тахти подшоҳӣ ҳама чиз дигаргун шуд.

Робиа дар яке аз рӯзҳо дилбохтаи ғуломи бовафо, диловар ва зеборӯ аз коргузорони бародараш ба номи Бектош гашт. Ин ишқ, ки бар асоси ривояти Аттори Нишопурӣ дар «Илоҳинома», ишқи пок ва орӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ буд, махфиёна аз тариқи табодули ғазалҳои пуршӯр миёни Робиа ва Бектош ҷараён дошт. Робиа нома менавишту аз сӯзи ишқи покаш мегуфт:

Ало, эй ғоиби ҳозир, куҷоӣ,

Ба пеши ман наӣ, охир куҷоӣ.

Ду чашмам рӯшноӣ аз ту дорад,

Дилам низ ошноӣ аз ту дорад.

ФОШ ШУДАНИ РОЗИ НИҲОН

Рози ин ишқи пинҳон аз ду масир фош шуд. Нахуст, он ки яке аз наздикони Бектош ба тамаъи ёфтани ҷавоҳир сандуқчаи ӯро рабуд ва бо номаҳои ошиқонаи Робиа мувоҷеҳ гашт ва онҳоро ба Ҳорис расонд. Масири дувум равобити машҳури Рӯдакӣ бо Робиа дар сафараш ба Балх аст. Рӯдакӣ, ки шефтаи балоғати абёти Робиа шуда буд, баъд дар дарбори Бухоро ва дар ҳузури подшоҳи Сомонӣ бидуни огаҳӣ аз ҳассосияти моҷаро абёти сӯзноки Робиаро хонд ва фош кард, ки ин шоҳкорҳо мутааллиқ ба духтари Каъб аст, ки дил дар гарави ишқи ғуломе ниҳодааст. Аттор ин воқеаро дар «Илоҳинома» ин гуна ба тасвир мекашад:

Зи Ҳорис Рӯдакӣ огоҳ кай буд,

Ки ӯ худ гарми шеъру масти май буд.

Зи сармастӣ забон бикшод он гоҳ,

Ки шеъри духтари Каъб аст, эй шоҳ!

Ба сад дил ошиқ аст ӯ бар ғуломе,

Дарафтодаст чун мурғе ба доме...

Ҳорис, ки дар маҷлис ҳузур дошт, бо шунидани ин хабар ҷаҳон дар пеши чашмонаш тира гашт. Ӯ ин ишқро нанги бузург ва мояи сарафкандагии хонадони шоҳии худ дар миёни салотини ҳамсоя донист. Хашм ва таассуби номусии Ҳорис бистари яке аз ҳавлноктарин ҷинояти таърихро фароҳам кард. Ӯ ибтидо дастур дод Бектошро дар чоҳе торик зиндонӣ кунанд ва сипас фармон дод Робиаро ба гармоба баранд, рагҳои ҳарду дасти ӯро бибуранд ва дари ҳаммомро бо гаҷу санг масдуд кунанд, то дар танҳоӣ тамъи маргро бичашад. Робиаи Балхӣ дар он фазои хафақоновар дар ҳоле ки хун аз баданаш ҷорӣ буд ва ба сӯи марг қадам мебардошт, ба иродаи қотилонаш таслим нашуд. Ӯ ангушт дар хуни гарми худ зад ва бар девори ҳаммом охирин ва сӯзноктарин ғазалҳояшро ҳак кард:

Се раҳ дорад ҷаҳони ишқ акнун,

Яке оташ, яке ашку яке хун.

Ба оташ хостам ҷонам, ки сӯзад,

Чу ҷони туст натвонам, ки сӯзад.

Субҳгоҳон ҳангоме, ки маъмурон дари ҳаммомро кушоданд, бо пайкари рангпаридаю беҷони Робиа бар кафи гармоба мувоҷеҳ шуданд. Дар ҳоле ки тамоми деворҳо бо хуни ӯ рангин ва музайян ба абёти ҷигарсӯзи ошиқона шуда буд. Баъд аз ин фоҷеа Бектош, ки аз зиндон фирор карда буд, шабона ба кохи Ҳорис омад ва сар аз тани ӯ ҷудо намуд. Сипас, бар мазори Робиа рафт ва бо ханҷар дили худро шикофт, то дар сарои дигар ба маъшуқаш пайвандад.

МЕРОСИ МАКТУБИ РОБИАИ БАЛХӢ

Агарчӣ бахши умдаи ашъо­ри Робиаи Балхӣ дар оташи хашми бародар ва ҳаводиси замон аз байн рафтааст, танҳо 55 байт аз ӯ дар тазкираҳо, монанди «Лубоб-ул-албоб», боқӣ мондааст. Аммо ҳамин миқдор ҳам чун намунаи хирвор гувоҳ бар нубуғ ва пешрав будани ӯ дар поягузории ғазали форсӣ аст. Ашъори Робиаро аз се манзар: забон, тас­вирсозӣ ва ҷаҳонбинии ошиқона метавон воковӣ кард.

Робиа дар даврони авҷи сабки хуросонӣ шеър месуруд. Давроне, ки асли шеър дар он мушаххасан содагӣ, равонӣ, фасоҳати калом ва парҳез аз таклифҳои лафзӣ буд. Дар ашъори ӯ калимоти печидаи арабӣ ба нудурат дида мешавад. Ӯ бо истифода аз калимоти содаи тоҷикӣ амиқтарин эҳсосоти инсониро баён мекард. Ғазалҳои Робиа ағлаб пуртаҳаррук, ҷӯшон ва мусиқоӣ аст, ки бо руҳияи пӯё ва саркаши ӯ ҳамхонӣ дорад.

Робиа чу тасвирсози бузург мазоҳири табиат­ро ба абзоре барои баёни дардҳое дарунии худ истифода кардааст:

Зи бас хандид лола дар чаманҳо,

Рухи ман гашт чун рухсори лола.

Бузургтарин вижагии ашъори Робиа рӯйкарди дугонаи он аст. Агарчӣ ишқи ӯ нисбат ба Бектош оғози комилан инсонӣ ва заминӣ дорад, аммо ривояти он аз ҷониби Аттор либоси фалсафӣ ва ирфонӣ ба худ гирифтааст. Ҳамин тавр, ӯ ишқро фаротар аз иродаи инсон таъбир мекунад:

Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,

Кӯшиши бисёр номад судманд.

Ишқ дарёе каронанопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.

Дар ин байт ӯ ишқро ба дарёи бекароне ташбеҳ мекунад, ки ақл (ҳушманд) дар баробари он нотавон аст. Ин нигоҳ дақиқан ҳамон нуқтае аст, ки баъдҳо ҷавҳари аслии ирфони қарни шашуму ҳафтуми ҳиҷриро ташкил медиҳад. Аттори Нишопурӣ низ дар «Илоҳинома» таъкид мекунад, ки Робиа ба мартабае аз ирфон расида буд, ки Бектош барои ӯ танҳо як воситаи расидан ба «ҳақиқат» ба шумор меравад.

Абёте, ки мансуб ба охирин лаҳазоти ҳаёти Робиа бар девори ҳаммом аст, нуқтаи баланд пойдории ӯ дар ишқ маҳсуб мешавад. Ӯ, дар ҳоле ки маргро ба оғӯш мегирифт, ранҷи худро таҳаммул намуда, хоҳиши дили худро ин гуна баён месозад:

Кошкӣ, танҳо аёнат дидаме,

То ба пешат зор-зор бигристаме.

РӮДАКӢ ВА РОБИА

Баррасии робитаи адабии падари шеъри форсӣ - Рӯдакӣ ва Робиа яке аз ҷаззобтарин ва, дар айни ҳол, ғамангезтарин фарозҳои таърихи адабиёти мост. Устод Рӯдакӣ на танҳо ба унвони як ҳамаср, балки ба унвони бузургтарин марҷаи адабии он рӯзгор дидгоҳи шигифтзада ва ситоишомез нисбат ба ашъори Робиа дошт.

Бар асоси гузориши тазкиранависон ва ривояти Аттор, Рӯдакӣ пас аз хондан ва шунидани ғазалҳои Робиа шефтаи балоғат, фасоҳат ва сӯзи дарунии ашъори ӯ мешавад. Ӯ иқрор кард, ки забони шеъри Робиа дар айни содагӣ дорои чунон зарофат ва пухтагӣ аст, ки камтар шоирон дар он замон тавоноии рақобат бо онро доранд. Рӯдакӣ шеъри Робиаро монанди «марвориде ғалтон дар дарёи калом» медонист, ки, аз як сӯ, суннатҳои асили сабки хуросониро ҳифз карда, аз сӯи дигар, даричае нав ба эҳсосоти латиф ва амиқи занона кушудааст.

ЗИЁРАТГОҲИ АҲЛИ ИШҚ

Имрӯз бо гузашти ҳазору панҷоҳ сол мазори Робиаи Балхӣ ҳамчунон намоде аз зинда будани шеър ва мазлумияти занон дар тӯли таърих аст. Мегӯянд мақбараи ӯ дар шаҳри Балх, дар миёни боғчае аз гулҳои сурхи лола ҷой дорад. Ҳамон лолаҳое, ки дар ашъораш ҳамранги рухсори ёраш медонист. Дохили оромгоҳ бо хаттотиҳое аз абёти сӯзноки ӯ оро ёфтааст.

Ин макони таърихӣ солҳост, ки ба меодгоҳи шоирон, нависандагон, ҷавонони ошиқ ва дӯстдорони адабиёт табдил шудааст. Бисёре аз зоирони мазори ӯ ба нишонаи эҳтиром ва зинда нигаҳ доштани аввалин шоирзани тоҷик бар рӯи қабри ӯ гулоб мепошанд ва ғазалҳояшро замзама мекунанд.

Мазори Робиа дар Балх гувоҳ ба ин ҳақиқат аст, ки агар Ҳорис тавонист колбади тани ӯро дар ҳаммом ба хоку хун бикашад, аммо ҳаргиз натавонист ном, андеша ва фарёди озодихоҳонаи ӯро дар таърих мадфун бисозад.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: