Агар давлати пешрафта ва меҳани обод хоҳем,...
Даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ин нуктаро ба ёд меоранд ва ҳушдор медиҳанд, ки маҳз пешрафти соҳаи маориф метавонад дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии мамлакат саҳми чашмгир гузорад. Дар Паёми навбатии хеш бори дигар муҳимии ин масъаларо ба сокинони мамлакат хотиррасон намуданд:
«Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан соҳаи маорифро дастгирӣ менамоянд ва барои баланд бардоштани мақоми омӯзгору фароҳам овардани шароит барои хонандагон тамоми чораву тадбирҳоро меандешанд.
Зеро маҳз, ояндаи мамлакат ва пешрафту дастовардҳо ба таълиму тарбияи насли наврас робитаи зич дорад. Ҷавонони донишманду боистеъдод метавонанд дар мустаҳкам намудани сутунҳои давлати навини тоҷикон саҳм гузоранд. Беҳуда нест, ки бузургони миллат дар асрҳои пешин ба дониш баҳои баланд дода, онро чароғи равшану муҳофизи бадан, яъне, ҷавшан номидаанд. Ҷавонони бесаводу мактабнадида ба пайроҳаи гумроҳӣ қадам мегузоранд ва зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои табаҳкор гирифтор мешаванд, боиси ноустувориҳо дар ҷомеа мегарданд. Имрӯзҳо ба фоҷиаҳои олам агар назар афканем, ба дурустии ин андешаҳо сарфаҳм хоҳем рафт. Пешвои муаззами миллат ин нуктаро низ дар Паём хеле рӯшан баён намудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Гуфтем, ки даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пешрафти соҳаи маориф тадбирҳои саривақтӣ андешиданд ва назорат ба хотири таълиму тарбияи насли наврас идома дорад. Ҳазорҳо бинои харобгардидаи соҳа дар мамлакат аз нав таъмиру тармим гардид. Ҳазорҳо биноҳои таълимӣ бунёд шуд.
Имрӯз агар ба ҳукми тамошо ба навоҳии Рашт равед ва ба кадом деҳае ворид гардед, пеш аз ҳама, ба чашматон бинои муҳташами муассисаи таълимӣ меафтад. Муассисае, ки бо тамоми таҷҳизоти ҷавобгӯи замон муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳатто даврони ҳокимияти шуравӣ танҳо дар ноҳияи Рашт 16 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дар хона-вагонҳо ҷойгир буд. Беш аз 70 муассиса дар ҳолати садамавӣ аз рӯи зарурат фаъолият мекард. Дар аксар муассисаҳо омӯзгорон аз фанҳои асосӣ намерасиданд. Иҷборан аз дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷавонони бетаҷриба, ки нав аз паси мизи донишҷӯӣ раҳо мешуданд, бо роҳхати Вазорати маориф ба навоҳии дурдаст, аз ҷумла ноҳияи Рашт, фиристода мешуданд. Онҳо вазифадор буданд, ки се сол дар ин ноҳия ифои вазифа намоянд. Тӯли се соли кор онҳо танҳо ба таҷрибаомӯзӣ машғул мешуданд. Яъне, назарияи омӯхтаашонро дар амал татбиқ мекарданд. Аз устодони соҳа таҷриба меандӯхтанд. Чун ба номи омӯзгор сазовор мешуданд, муҳлати фаъолияташон анҷом меёфт ва онҳо ба зодгоҳи хеш мерафтанду ба ҷои эшон боз ҷавонони бетаҷриба меомаданд.
Ғамхории дигари Пешвои маҳбуби миллат дар навоҳии Раштон он аст, ки ба хотири таъмини муассисаҳои таълимии ин минтақа дар ноҳияи Рашт Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро таъсис доданд. Таъсиси донишкадаи мазкур имконият дод духтароне, ки орзуи таҳсил доштанд, ба риштаҳои гуногуни он ҳуҷҷат супоранд. Имрӯз бесабаб сафи занону духтарони соҳибтаҳсилот дар навоҳии Рашт наафзудааст. На танҳо дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар соҳаҳои гуногун ифои вазифа мекунанд ва қатори мардон дар рушду нумӯи мамлакат саҳмгузор мебошанд.
Дар даврҳои ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳазорон нафар хонандагони муассисаҳо ширкат варзида, тибқи номинатсияҳо даҳҳо нафар ба даврҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Аз мисолҳои боло маълум мегардад, ки шароит барои таълиму тарбия сол то сол боз ҳам хубтар мешавад. Дигар масъулияти таълиму тарбия ба зиммаи волидайн ва омӯзгор аст, ки бояд дар ҷавоби ғамхориҳои пайваста мувофиқ бошад. Агар дар ҳақиқат мо ватандӯсту худшинос бошем ва пойдории давлати худро ҷонибдорӣ кунем, суханҳои пурандарзу пурҳикмати Пешвои маҳбуби миллатро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем ва дар ин ҷода якҷоя саҳм гузорем.
Диловари МИРЗО,
собиқадори «Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
