https://sadoimardum.tj

ҲУШДОР

Ҷавонон ва хатарҳои муосир

№:95 (5147), 13 авг 2026, 13:29
8

Роҳи наҷот тафаккури таҳлилӣ ва зиракии сиёсӣ

Хатар ҳамеша дар ҷомеа вуҷуд дошт ва инсонҳо аз ҳодисаҳои нохуш, хоса аз фалокатҳои табиию ғайричашмдошт, дар амон набудаанду нестанд, аммо асри иттилоот, ки мо дар он зиндагӣ дорем (ҳарчанд барои таҳсилу илмомӯзӣ ва рушди одамон имкони хубе фароҳам намудааст), боз хатарҳои наверо ба миён овардааст, ки бештар ба ҷавонон таҳдид мекунанд.

Бо рушди технологияи коммуникатсионӣ, ки он, дар навбати худ, муҷиби пайдоишу густариши шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, душманони миллату фарҳанги мо низ то андозае «фаъол» гаштаанд. Мушоҳида мешавад дар фазои интернет, ки ҳоло босуръаттарин роҳи паҳн намудани иттилоъ маҳсуб меёбад, ҳар гуна хабарҳои иғвобарангез нашр мекунанд. Медонанд, ки ҳоло аксари ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд ва мехоҳанд аз ин роҳ ба онҳо таъсир расонанд. Онҳо ин амалро огоҳона анҷом медиҳанд. Мехоҳанд заминаи тазодро ба вуҷуд оранд. Медонанд, ки дар ин сурат, яъне агар дар ҷомеа тазод вуҷуд дошта бошад, аз берун ба таҳрик овардани онҳо чандон душвор нест.

Ифротгароёни динию террористон низ аз шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути иттилоъпаҳнкунӣ ниятҳои нопоки худро бисёр зиракона пиёда месозанд. Дар ин асно баъзе ҷавононе, ки зиракии сиёсию тафаккури таҳлилиашон ҳанӯз ташаккул наёфтааст, мағзшӯӣ мешаванд.

Умуман, фазои иттилоотӣ ҳоло майдони набарди идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангиро мемонад. Ҳатто баъзе иду ҷашнҳои миллии мо, ки таърихи чандинҳазорсола доранд, инкор мешаванд. Чунончӣ, Наврӯз. Ҳол он ки Наврӯз аз унсурҳои асосии фарҳанги миллати мо маҳсуб меёбад. Оинаеро мемонад, ки асли моро инъикос мекунад ва урфу одат, анъанаҳои миллӣ, тарзи зисту зиндагии мардуми мо дар розҳои ошкору ниҳони он таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳар гуна амалу андешаҳои нопок нисбат ба ин ҷашни бостонӣ ҳамчун таҳдид ба тамоми урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва таърихи ғановатманди мо бояд қабул шавад, аммо вақте баъзе ҷавонон таҷлили ин гуна ҷашнҳоро чандон муҳим намешуморанд, ба чунин хулоса меоем, ки душманони идеологии мо гоҳе ошкору гоҳе ниҳон, оҳиста-оҳиста андешаҳои бегонаро ба онҳо таҳмил намуда истодаанд.

Ҳолатҳои зикршударо коршиносон муноқишае номидаанд, ки «аз ҷониби душман ба нозуктарин нукта - тафаккури инсон, ҷойгоҳе, ки тамоми нияту гуфтору рафтори инсон шакл мегирад ва дар мувозина ба воқеият қарорҳои муҳим бояд қабул намояд, равона шудааст. Ба мисоли одӣ, душман воситаи биниши ақлу хирад ва узвҳои эҳсосотиро маънаван бо иттилои ғаразнок шикаста, нобино ва ё каҷбин месозад». Ташвишовар ин аст, ки мардум, хоса баъзе ҷавонон, намедонанд, ки ин гурӯҳҳо ҳадафҳои мушаххасу нопок доранд.

Мушкили дигар ин аст, ки ба воситаи иттилоъ фарҳанги ғайр таҳмил мешавад. Фарҳангшиносон мегӯянд дар ин маврид омезиши фарҳангҳо рух медиҳад, ки барои ҳар қавму халқу миллат таъсири манфӣ дорад, зеро намунаҳои фарҳанги бегона тадриҷан унсурҳои фарҳанги худиро фишор дода, мавқеашонро соҳиб мешаванд. Чунин омезиши фарҳанги бегона ба ҳувияти ҷавонон беасар намемонад. Чун фарҳангу арзишҳои дигари маънавӣ ба унсурҳои бегона махлут шуданд, ҳувият заиф мегардад. Воқеан чунин аст. Мо таъсири манфии ин равандро имрӯз ҳам дар тарзи зиндагӣ ва ҳам дар бисёр арзишҳои миллию фарҳангӣ ошкоро мушоҳида карда метавонем. Марвин Минский, олими амрикоӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, андешаи ҷолиб дорад: «Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро, ки худи ӯ иҷро менамояд, фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари маврид ҳини иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк намекунем». Воқеан, чунин аст. Гоҳе кӯтоҳандешию хушбоварӣ, аз паёмади ин ё он амал наандешидан муҷиби бадбахтӣ ё фалокати ҷуброннопазир мегардад.

Албатта, мо ин тарз карда наметавонем, ки иттилои иғвобарангези душманони миллатамон ворид нагардаду фарҳанги ғайр ба сарамон таҳмил нашавад. Коршиносон инро ғайриимкон медонанд, аммо зарур мешуморанд, ки тафаккури шаҳрвандон, хоса ҷавонон, ки ояндаи миллат ба дӯши онҳост, ташаккул дода шавад, то дар ин ҳолат сараро аз носара ҷудо карда тавонанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвари мо сиёсати созанда аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит­ро барои рушди дурусту ҳамаҷонибаи ҷавонон муҳайё сохтаанд, аммо тавре мушоҳида мешавад, имрӯз асри иттилоъ чунин имкон фароҳам оварда, ки бо фитна ҳама дарҳо шикаставу ҳама қуфлҳо боз мегарданд. Ин бори дигар собит месозад, ки ҷавонон ҳанӯз ҳам қишри осебпазири ҷомеа боқӣ мемонанд. Дар чунин шароиту чунин рӯзгори пуршӯру шар танҳо огоҳӣ, шинохти ҳақиқат мо, хоса, ҷавононро аз ҳама хатарҳо эмин медорад. Воқеан, агар дар бархӯрд бо чунин зуҳурот зирак ва қавӣ набошем, мағлуб хоҳем шуд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: