Дарёфти роҳҳои нави ҳамкории иқтисодӣ
Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо ҳайати Вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Котиби Кумитаи ҳизби коммунистии Синзян ва котиби шаҳри Урумчӣ Ҷан Жу мулоқот намуд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти мухтори Синзян-Уйғурро дар самтҳои афзалиятноки саноат, энергетика, технологияҳои рақамӣ, инфрасохтор ва логистика баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, имкони сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, ҷониби Чин ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нассоҷӣ, энергияи «сабз», металлургия, зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, дорусозӣ, логистика, сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин, таҷдиди гузаргоҳи «Кулма-Қаросу» даъват шуд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





