https://sadoimardum.tj

Баррасии робитаҳои байнипарлумонӣ бо Озарбойҷон

№:115 (5167), 28 сен 2026, 16:59
4

26-уми сентябри соли 2026 вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ бо роҳбари ҳайати Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ризван Набиев ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Ҳангоми суҳбат иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон дорои таъриху фарҳанги муштарак мебошанд ва равобити дӯстии ду миллат аз таърихи хеле қадим сарчашма ёфта, солҳои охир хусусияти стратегӣ касб намудаанд ва ҳамкории байнипарлумонӣ яке аз самтҳои муҳими таҳкими ин муносибатҳо ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки парлумонҳои кишварҳои мо дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, инчунин, дар фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд. Парламенти Тоҷикистон ба таҷрибаи Озарбойҷон дар соҳаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, дастгирии оила, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон барои кишварҳои мо аҳамият доранд.

Зимни вохӯрӣ барои таҳкими ҳамкории гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар изҳори омодагӣ шуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: