Мулоқоти Мавсума Муинӣ бо Чанпал Энгӣ
24-уми сентябри соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон, қабули шикоятҳо ва тафтишот Чанпал Энгӣ мулоқот намуд.
Зимни суҳбат зикр шуд, ки бо мақсади рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Камбоҷа таъсис дода шудааст.
- Мо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа изҳор менамоем. Дар ин замина, мо ба таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, такмили захираҳои инсонӣ, инчунин, ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо аҳамияти махсус медиҳем. Мо Ассамблеяи парламентии Осиёро майдони муносиб барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкориҳои байни кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ медонем. Аз фаъолияти Шоҳигарии Камбоҷа дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё қаноатманд буда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Камбоҷа дар ин самт таъкид менамоем, - зикр кард Мавсума Муинӣ.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
