https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Шермуҳаммад Шоҳиён бо Иброҳим Ризоӣ

№:115 (5167), 28 сен 2026, 17:05
4

26-уми сентябри соли 2026 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо роҳбари гурӯҳи парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ассамблеяи парлумонии Осиё Иброҳим Ризоӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон имрӯз дар сатҳи баланди сиёсӣ қарор дошта, ба шарофати таваҷҷуҳи доимии роҳбарони ду давлат дар самтҳои гуногун пайваста рушд меёбанд.

Иброз гардид, ки мо ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба аҳамияти хос медиҳем. Парлумонҳои ду кишвар дар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои наздик дошта, дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, аз ҷумла Ассамблеяи парлумонии Осиё, ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Рушди ҳамкориҳои мустақими байнипарлумонӣ, фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои исломии Эрон, баргузории мулоқоту машваратҳои мунтазам ва табодули таҷриба дар самтҳои қонунгузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.

- Итминон дорам, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон метавонанд ба яке аз воситаҳои муассири таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ табдил ёфта, барои шиносоии бештар бо таҷрибаи давлатӣ ва парлумонии якдигар имкониятҳои нав фароҳам созанд. Дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадамҳои устуворе гузошта шудааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ ва иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем, - зикр кард Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ҳамчунин дигар маводҳо: